Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Инвеститура

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Инвеститура (лот. investio – қабо пӯшонидан, фаро гирифтан) — шакли қадимии таҳвили амволи ғайриманқул аз соҳибмулки аввала ба нав.

Дар асрҳои миёна Инвеститура навъи санади ҳуқуқӣ дар Аврупои Ғарбӣ ба шумор мерафт, ки тавассути он қитъаи замин, вазифа, рутба, ки тобеияти вассалиро мустаҳкам мекард, ба соҳиби нав супурда мешуд. Ба вассал қисме аз замин, дастпӯшак, найзаву шамшер, дирафш ва ғ. ҳамчун рамзи қудрат дар маросими хос дода мешуд. Инвеститураи калисо шакли махсуси Инвеститура буда, ба тариқи таъйин кардан ва ё ба мартабаи дигар гузаронидани рӯҳониён бо супоридани ангуштарӣ ва асо амалӣ мегардид. То охири асри 11 ҳуқуқи Инвеститураи калисо ба ҳокимияти дунявӣ (дар Англия ба шоҳ ва дар Рум ба император) тааллуқ дошт. Аввалин бархурди ошкоро, ки «мубориза барои Инвеститура» ном дошт, байни поп Григории VII (1073–85) ва император Ҳенрии IV (1056–1106) ба амал омад. Дар натиҷа соли 1075 поп супурдани Инвеститураро ба император манъ кард.

Ҳолатҳои ҳуқуқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳуқуқи конститутсионӣ Инвеститура додани ваколатҳои ҳокимиятӣ ба шахс ва ё гурӯҳи шахсон тибқи конститутсия аст. Инвеститура ризоияти парламент барои оғози фаъолияти ҳукумат мебошад. Мафҳуми Инвеститура асосан ба ниҳоди интихобии сардори давлат – Президент ва ҳамчунин ба ҳукумат татбиқ мешавад. Ҳукумат низ метавонад аз парламент (дар ҷумҳурии парламентӣ) ё аз Президент (дар ҷумҳурии президентӣ) Инвеститура дарёфт кунад. Бино бар ин, вобаста ба субъектҳое, ки сарчашмаи ҳокимиятанд, Инвеститура ба парламент ва мардумӣ, вобаста ба субъектҳое, ки қабулкунандаанд, ба президентӣ ва ҳукуматӣ ҷудо мешавад.