Ингушетия
Ингушетия | |||||
|---|---|---|---|---|---|
| ингуш. ГӀалгӀайче | |||||
| | |||||
|
|||||
| Anthem of the Republic of Ingushetia[d] | |||||
| Кишвар |
|
||||
| Маркази маъмурӣ | Magas[d] | ||||
| Роҳбар | Маҳмуд-Алӣ Калиматов | ||||
| Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
| Таърихи таъсис | 4 июни 1992 | ||||
| Масоҳат |
|
||||
| Вақти минтақавӣ | MSD[d], Europe/Moscow[d][1] ва UTC+03:00 | ||||
| Аҳолӣ | |||||
| Аҳолӣ |
|
||||
| Шиносаҳои ададӣ | |||||
| Рамзи ISO 3166-2 | RU-IN | ||||
| Коди мошинҳо | 06 ва ИН[2] | ||||
| Вебгоҳи расмӣ(рус.) | |||||
Ингуше́тия (ингуш. Гӏалгӏайче), ё Ҷумҳурии Ингушетия (ингуш. Гӏалгӏай Мохк) — субъекти Федератсияи Русия. 4 июни 1992 ташкил шудааст. Дар ҷануби қисми аврупоии Федератсияи Русия ҷойгир аст. Ба ҳайати Округи федералии ҷанубӣ дохил мешавад. Масоҳаташ 3,6 ҳазор км². Аҳолиаш 497,4 ҳазор нафар (2019). Пойтахташ — шаҳри Магас. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 4 ноҳия ва 5 шаҳри тобеи ҷумҳурӣ тақсим шудааст.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Низоми мақомоти ҳокимияти давлатиро Конститутсияи Федератсияи Русиява Конститутсияи Ҷумҳурии Ингушетия (1994) муайян мекунанд. Ҳокимияти давлатиро Президент, Маҷлиси халқӣ (парламент), ҳукумат ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки мутобиқи Конститутсияи Ингушетия таъсис ёфтаанд, амалӣ мекунанд. Мақоми олии қонунгузор — Маҷлиси халқӣ (парламент) дорои 27 вакил буда, ба муҳлати 4 сол интихоб мешавад.
Ҳукумати Ингушетия аз раис, муовинони ӯ ва вазирон иборат буда, раиси ҳукумат аз ҷониби президент бо розигии Маҷлиси халқӣ таъйин карда мешавад. Президенти Ингушетия — Раиси ҷумҳурӣ ва ҳокимияти иҷроия, шахси баландмақоми ҷумҳурӣ буда, ваколатҳои аз тарафи Маҷлиси халқӣ тасдиқшударо, ки Президенти Федератсияи Русияпешниҳод кардааст, дорост. Президенти Ингушетия — Маҳмуд Алӣ Калиматов (аз 26.6.2019).
Табиат, релеф, сохти геологӣ ва сарватҳои табиӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ингушетия дар қисми марказии Қафқози Пеш ва нишебии кӯҳҳои Қафқози Бузург ҷойгир аст. Дар шимоли Ингушетия қаторкӯҳҳои начандон баланди Терск ва Сунжа қад кашидаанд, ки онҳоро водии Алханчурт аз ҳам ҷудо кардааст. Ҳудуди Ингушетия дар сарҳадди қаторкӯҳҳои чиндори Қафқози Бузурги минтақаи фаъоли Алпу Ҳимолой, қисми шимолии Ингушетия дар ҳудуди пастхамиҳои пеши Терску Каспий ҷойгир шудааст. Сарватҳои табиии муҳимми Ингушетия нафт ва гази табиӣ (Малгобек, Қарабулоқ ва дигар конҳои дар шимол ҷойгирбуда) мебошанд. Дар Ингушетия ҳамчунин конҳои оҳаксанг, мармар, доломит, гил, сангреза, рег, чашмаҳои обҳои гарм ва минералӣ (маъданӣ) мавҷуданд.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Шароити табиии Ингушетия барои зиндагӣ мусоид аст. Иқлимаш континенталӣ, зимистонаш дар ҳамвориҳо нарм (ҳарорати миёнаи январ дар водиҳо −3 °C, дар кӯҳҳо то −10–12 °C), тобистонаш гарм (ҳарорати миёнаи июл дар водиҳо 21–23 °C, дар баландкӯҳҳо 5–7 °C). Миқдори боришоти солона дар ҳамвориҳо ва доманакӯҳҳо 400–600 мм, дар кӯҳҳо 900–1600 мм. Ҳамаи дарёҳои Ингушетия ба ҳавзаи дарёи Терек дохил мешаванд (қад-қади сарҳадди ҷанубу ғарбии Ингушетия ҷорӣ мешаванд). Дарёҳои асосии Ингушетия: Сунжа, Асса, Армхи, Фортанга. Дар қисми шимолии Ингушетия наҳрҳои обёрии Алханчурт, Асса-Сунжа ва ғайра сохта шудаанд.
Хок, олами наботот ва ҳайвонот
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар қисми ҳамвории наздик ба доманакӯҳҳо даштҳои гиёҳҳои гуногуни хӯшадор, заминҳои сиёҳхок ва марғзори киштбоб мавҷуданд. Дар баландии 550–600 м бешазори дарахтони паҳнбарги кӯҳӣ ҷой гирифтаанд, дар баландии 1700–2000 м дарахтони шамшод, buлут, фарк ва заранг мерӯянд. Баландтар аз он марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ дучор меоянд. Олами набототи Ингушетия гуногун буда, тақрибан 2 ҳазор намуди рустаниҳои рагдорро дар бар мегирад, ки аксарияташон рустаниҳои хосси маҳал мебошанд (сангдавак, тӯси Радде ва ғайра).
Олами ҳайвоноти Ингушетия аз 50 намуд ҳайвоноти ширхӯр, 160 намуд парандаҳои лонагузор, 24 намуд хазанда, 8 намуд обхокиҳо, 31 намуд моҳӣ иборат аст. 4 % рустаниҳои Ингушетия (гули маҷаҳи тунукбарг, лолахасак), 9 дарсади ширхӯрон (бузи безоарӣ, гурбаи ҷангалии қафқозӣ), 13 дарсади парандаҳои нодири мавсимӣ (титави қафқозӣ) ба «Китоби сурхи Федератсияи Руссия» дохил карда шудаанд. Олами ҳайвоноти ҷангалҳои кӯҳӣ (хирс, гург, дала, савсор, хук, оҳу) ва марғзор (тури доғистонӣ, нахчир, мурғи ҳилоли қафқозӣ) ғанист. Мушкилоти экологии Ингушетия — олуда шудани обу ҳаво, хароб шудани хок дар натиҷаи равандҳои экзогенӣ. Дар ноҳияҳои истихроҷи нафт вайроншавии ландшафт мушоҳида мешавад.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қисми зиёди аҳолии Ингушетияро ингушҳо (93,5%) ташкил медиҳанд; инчунин чеченҳо (4,6%), русҳо (0,8%), туркҳо (0,2%), гурҷиҳо (0,1%) низ зиндагӣ мекунанд. Суръати миёнаи солонаи афзоиши аҳолӣ: таваллуд — 15 ба 1000 нафар, фавт — 4 ба 1000 нафар (2017), фавти навзодон — 26 ба 1000 нафар. Зичии миёнаи аҳолӣ 137,1 нафар дар 1 км². Тақрибан 75 дарсади аҳолӣ дар водии Сунжа ва ноҳияҳои атрофи он зиндагӣ мекунанд. Ҳисоби миёнаи дарозумрӣ 76 сол (яке аз баландтарин дар Руссия; занҳо — 78,8, мардҳо 72,2).
Дин
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо густариши дини насронӣ (ҳазораи 1–2; зери таъсири Гурҷистон, баъдтар Руссия) дар ҳудуди Ингушетия ибодатхонаҳои насронии Тхаба-Ерди (асри 12), Алби-Ерди, Гал-Ерди ва Таргимск (асри 12), маъбадҳои Тушали, Маги-Эрди, Миятсели, Бейни-Сели, Мятер-Дэла, Эрдзели, Соска-Солса, Мекал ва ғайра (асри 14) бунёд шуданд. Дар Ингушетия ёдгории аҳди исломӣ — мақбараи Борга-Каш (1405–06) мавҷуд аст.
Ислом дар минтақаҳои наздикӯҳии Ингушетия дар асрҳои 16–17 ва дар минтақаҳои кӯҳистон дар асри 19 (ҳангоми ба Ингушетия омадани шайх Кунта-Ҳоҷӣ Кишиев) паҳн шудааст. Аз нимаи дуввуми асри 19 дар Ингушетия тариқатҳои тасаввуфии қодирия (пайравони Кунта-Ҳоҷӣ), нақшбандия (пайравони Арсанов Денӣ) ва Батал-Ҳоҷӣ (пайравони Белхароев Батал-Ҳоҷӣ) ба фаъолият оғоз карданд. Соли 1993 дар анҷумани мусулмонони кишвар Маркази динии мусулмонони Ингушетия (муфтиёти Ингушетия) таъсис шуд. Ҳоло (2018) дар Ингушетия 148 масҷиди панҷвақта, 28 мадраса ва донишкадаи исломӣ, зиёда аз 20 созмони динӣ фаъолият доранд.
Очерки таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қадимтарин ёдгориҳои бостонии И. (дар Плиево ва Гамурзиево) ба давраи палеолити миёна (мусте) тааллуқ доранд. Дар ибтидои асри биринҷӣ (3500–2000 то м.) дар ин ҷо ҳамбастагии фарҳангии майкоп, куроараккӣ ва камакомбӣ ба вуҷуд омад. Аз ҳазораи 3 то м. дар И. маданияти Қафқози Шимолӣ густариш ёфт, ки баъд онро ёдгориҳои маданияти Гинчи иваз карданд. Дар ҳудуди кунунии И. ва Чеченистон сабки хосси ҳунармандӣ ташаккул ёфт, ки он ба маданияти кобан ва скифӣ-сарматӣ мансуб буд. Дар охири асри 4 ҳудуди имрӯзаи И. ва дигар минтақаҳои Қафқози Шимолӣ зери нуфузи гуннҳо қарор доштанд. И. аз охири асри 6 ба ҳайати хоқонии Турк ва баъд хоқонии Хазар дохил гардид. Дар асри 10 ба ҳайати давлати Алания дохил шуд, ки ин ба густариши дини насронӣ мусоидат кард. Дар ҳавзаи д. Сунжа чандин димна мавҷуданд ва мувофиқи маълумоти баъзе маъхазҳои таърихӣ пойтахти Алан (ш. Магаси асримиёнагӣ) дар ин ҷо қарор дошт.
Дар асри 13 Қафқози Шимолӣ, аз ҷумла ҳудуди И., аз ҷониби муғулу тоторҳо истило гардид ва ба ҳайати Урдуи Тилоӣ дохил шуд. Дар асри 16 ба И. қабилаи нӯғайҳо ҳамла карданд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои хаттӣ дар ин ҷо чандин «ҷамъият» (ҷамоаи худидории деҳот ё иттиҳодияи он) – Галгаев, Соринск, Ҷайрахов, Месхалск ва Феппин (Кистин) мавҷуд буданд. Мувофиқи Созишномаи сулҳи Белград (1739) ҳудуди «ҷамъият»-ҳои И. ҳамчун минтақаи бетараф байни Империяи Русиява Империяи Усмонӣ эътироф гардид. Мувофиқи Созишномаи сулҳи Кучук-Қайнарҷа (1774) ҳудуди ҷамоаи ингушҳо ба Империяи Русияҳамроҳ карда шуд. Соли 1882 ҳудуди имрӯзаи И. ба ҳайати вил. Қафқоз, 8 (20).2.1860 ба ҳайати вил. Терск дохил буд. Аз ҳудуди кунунии И. хатти р. о.-и Беслан – Назран – Петровск – Порт Владиқафқоз мегузашт (1894). Соли 1915 дар атрофи деҳаи Малгобек истихроҷи нафт сар шуд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1917–22) ихтилофи казакҳо ва мардуми таҳҷоии кӯҳистон ба задухӯрди мусаллаҳона табдил ёфт. Як қисми аҳолӣ Ҷумҳурии шӯроии Терек ва қисми дигар ҳукумати Горскро тарафдорӣ мекарданд. Соли 1934 бо Вилояти худмухтори Чеченистон ҳамроҳ шуда, Вилояти худмухтори Чечену Ингуш ва соли 1936 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ (ҶМШС)-и Чечену Ингуш таъсис ёфт. Солҳои 1944–57 як қисми ҳудуди ҶМШС Чечену Ингуш ба ҳайати Доғистон, қисми дигараш ба ҳайати Осетияи Шимолӣ дохил буд. Ноябри 1990 Шӯрои Олии ҶМШС Чечену Ингуш эъломияи истиқлолро қабул кард ва майи 1991 кишвар Ҷумҳурии Чечену Ингуш ном гирифт. Мувофиқи Қонуни Шӯрои Олии Федератсияи Русия(аз 4.6.1992) ва натиҷаи раъйпурсии моҳи декабри 1991 дар минтақаи сукунати ингушҳо Ҷумҳурии И. (пойтахташ ш. Назран) дар ҳайати Федератсияи Русиятаъсис ёфт. 27.2.1991 Конститутсияи мамлакат қабул шуд. Соли 2000 ш. Магас пойтахти И. эълон гардид.
Хоҷагӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ингушетия ба минтақаи иқтисодии Қафқози Шимолӣ дохил мешавад. Ҳаҷми арзиши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳаҷми маҳсулоти саноат 2,2 баробар зиёд аст. Ингушетия яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ суст рушдёфтаи Русиябуда, ҳиссааш дар ҳаҷми умумии ММД-и Федератсияи Русия0,04%-ро ташкил медиҳад. Дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ҳиссаи кишоварзӣ 21,4%, тиҷорат 14,0%, хидматҳои ғайрибозорӣ 33,0%, саноат 12,0%, сохтмон 8,2%, нақлиёт ва алоқа 3,9%, соҳаҳои дигар 7,5% аст (2017).
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 1,06 млрд рубли русиро ташкил медиҳад. Дар сохтори маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати масолеҳи бинокорӣ 38,1%, саноати хӯрокворӣ 30,8%, коркарди нафт 12,2%, кимиё 5,2%, табъу нашр 5,1%, мошинсозӣ 1,5%, коркарди филизот 4,5%, дигар соҳаҳо 2,6 % мебошад. Соҳаи асосии саноати Ингушетия истихроҷ ва коркарди нафт аст. Нафт дар конҳои Малгобек, Қарабулоқ, Заманкӯл истихроҷ карда мешавад. Маҳсулоти асосии саноати масолеҳи бинокорӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ (мармар, доломит, оҳаксанг, гил барои хиштпазӣ) истеҳсол мешавад.
Тандурустӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ингушетия ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 23 табиб, 54,5 корманди миёнаи тиббӣ, 41,2 кати хоб рост меояд. Маркази модар ва кӯдак (шаҳри Назран), Маркази ҷумҳуриявии тиббии садамавии «Муҳофизат», Маркази ҷумҳуриявии пешгирии тиббӣ, Осоишгоҳи иқлимӣ-кӯҳии Армхи фаъолият доранд.
Маориф, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1998 Қонуни маорифи Ҷумҳурии Ингушетия қабул шуд. Танҳо 4 дарсади кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ тарбият мегиранд; бештар тарбияи хонаводагӣ маъмул аст. Таҳсил дар зинаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба таври маҳдуд рушд мекунад. Дар 4 омӯзишгоҳ ва 4 омӯзишгоҳи касбӣ-техникие, ки 3,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Соли 1993 дар шаҳри Магас Донишкадаи исломӣ таъсис шуд.
Дар Ингушетия ҳамчун Донишгоҳи давлатӣ (1994), Донишкадаи иқтисод ва ҳуқуқ (дар шаҳри Назран), чандин филиали мактабҳои олӣ, дар шаҳрҳои Назран, Қаробулоқ, Малгобек корпуси кадетии Горск (1994), коллеҷҳои ҳуманитарӣ, техникӣ ва тиббӣ, коллеҷи санъат (1998) ва 106 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Институти таҳқиқоти илмҳои инсонӣ (ҳуманитарӣ, 1926), Музейи давлатӣ-кишваршиносии ба номи Т. Х. Малсагов (1972), Музейи давлатии санъати тасвирӣ (1993), Китобхонаи миллӣ (1993), Маркази бостоншиносӣ (2000) дорад.
ВАО
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ингушетия 2 рӯзномаи ҷумҳуриявӣ — «Ингушетия» (аз соли 1993, ба забони русӣ, бо теъдоди 3 ҳазор нусха) ва «Сердало» («Нур») (1923; 3 ҳазор нусха, ба забонҳои русӣ ва ингушӣ, муассисаш — З. К. Малсагов); ду ҳафтаномаи ноҳиявӣ — «Голос Назран» (аз соли 1939, то соли 1993 бо номҳои «Колхозник», «Путь Ленина», «Назрановец») ва «Народное слово» (ноҳияи Малгобек), рӯзномаи шаҳрии «Новое время» (1990) ба забонҳои русӣ ва ингушӣ нашр мешаванд. Барномаҳои телевизион ва радио аз тариқи Ширкати давлатии телевизион ва радиои «Ингушетия» пахш мегарданд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёти Ингушетия аввал ба забони русӣ ва баъд ба забони ингушӣ ташаккул ёфтааст. Дар миёнаҳои асри 19 адабиёти миллӣ инкишоф ёфт (повести романтикии «Навдаҳои муҳаббат»-и И. Сискарова, 1846, ба забони русӣ). Дар адабиёти солҳои 1870–1910 жанри очеркҳои таърихӣ, тасвирӣ, ҳуҷҷатӣ, мардумшиносӣ рушд карда буд. Аз соли 1917 алифбои ингушӣ аввал бо ҳуруфи арабиасос ба вуҷуд омад, баъд он ба алифбои лотинӣ ва хатти кириллӣ табдил дода шуд.
Солҳои ҶБВ (1941–45) мавзӯъҳои муҳимми зиддифашистӣ дар осори манзум, драматургия ва публитсистии И. М. Базоркин, Б. Х. Зязиков, М. М. Хашагулгов, Ҷ. Х. Яндиев инъикос ёфтаанд. Солҳои 1944–57 раванди ташаккули адабиёти Ингушетия ба сабаби муҳоҷирати ингушҳо ва чеченҳо ба Осиёи Миёна ва Қазоқистон қатъ гардид. Назми Ингушетия дар нимаи дуввуми солҳои 1950 ба таври назаррас ташаккул ёфт. Дар насри солҳои 1970–80 асарҳои А. А. Веҷизев, С. И. Чахкиев, М. С. А. Плиев назаррас буданд. Ақидаҳои фалсафӣ, башардӯстӣ дар лирикаи Г. А. Гагиев, И. И. Торшхоев, М. С. Вишегуров, А. Т. Хашагулгов инъикос ёфтаанд.
Меъморӣ ва санъати тасвирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Санъати тасвирии Ингушетия дар заминаи тамаддуни скифҳо ташаккул ёфтааст: тасвири ҳайвонот (ашёи биринҷии аз қабристони Луговои деҳаи Мужичи ёфтшуда, 6–5 ҳазор сол то м.), ҳайкалчаҳои биринҷӣ ва гилии одамон ва ҳайвонот. Ёдгориҳои қадимтарини меъмории Ингушетия дахмаҳои боқимонда ба давраи сарматӣ-аланӣ мутааллиқанд. Дар меъмории асрҳои 11–13 таъсири Гурҷистон, Алания ва анъанаҳои биносозии маҳаллӣ дида мешавад (калисоҳо дар деҳаи Таргим, маъбади Тхаба-Ерди дар наздикии деҳаи Ҷайрах, асри 12; димнаи маъбади Алби-Ерди ва маъбади хурди Хач-Латтача дар деҳаи Хули).
Дар замони ҳукмронии муғулу тоторҳо мақбараи гунбаддори Борга-Каш (мақбараи Брагунск, 1405–06) дар наздикии деҳаи Плиево бунёд гардид. Дар ноҳияҳои кӯҳистони Ингушетия дар асрҳои миёна аз сангҳои тарошидаи дағал деворҳои мудофиавӣ (дар деҳаҳои Верхний Алкун, Даттих, Дошхакла), манораҳои низомӣ ва нимнизомӣ сохта шуданд. Дар асрҳои 18–20 дар ноҳияҳои кӯҳистони Ингушетия хонаҳои иқоматии 1–2-ошёнаи сангӣ ё чӯбӣ, дар ҳамвориҳо хонаҳои росткунҷашакл бунёд гардиданд.
Дар аввали асри 19 зери таъсири меъмории рус биноҳо бо услуби ампирӣ сохта шуданд (қалъаи Назран, 1810–17, осиёби обӣ дар Назран, 1890). Аз охири асри 19 дар деҳаҳо биноҳои сохти шаҳрӣ пайдо шуданд. Солҳои 1990–2000 биноҳои пойтахти нав — шаҳри Магас, осоишгоҳи «Ҷайрах», Донишкадаи исломӣ дар деҳаи Орҷоникидзе, истгоҳи роҳи оҳани Назран бо услуби меъмории муосир бунёд шуданд.
Дар давраи шӯравӣ ва пасошӯравӣ санъати тасвирии Ингушетия дар жанрҳои таърихӣ ва маишӣ, портрет ва манзаранигорӣ (рассомон Х. Акиев, А. Хашагулгов, М. Полонкоев, Н. Храмова, Г. Янаков, Р. Малсагов, Д. Оздоев), ҳайкалтарошӣ (Р. И. Мамилов) бомуваффақият рушд кард. Дар санъати тасвирии анъанавӣ унсурҳои ороишӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чӯб ва санг, ҳаккокии филиззот, ороишоти заргарӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ ва чармгарӣ хеле маъмул буд.
Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар аввали солҳои 1920 дар Ингушетия якчанд дастаи ҳаваскорони театрӣ, аз ҷумла, гурӯҳи драмавии Омӯзишгоҳи омӯзгории Владиқафқоз (1920), маҳфили драмавии мактаби ҳизбии Владиқафқоз (1924) таъсис ёфтанд. Дар Ингушетия ҳамчун Театри тамошобини наврас, (1969), ансамбли рақси мардумии «Ингушетия» (1993), Театри драмавӣ-мусиқии русии «Современник» (аз соли 2005 бо номи феълияш), студияи театр, кино ва телевизиони «Зокх» (1998), «Студияи эстрада» (2004), киностудияи «Магасфилм» (2006), ансамбли фолклорӣ-рақсии «Магас» (1998), Филармонияи давлатии ба номи А. Хамхоев дар шаҳри Назран (1993), ансамбли давлатии тарона ва рақси «Магас» (2001) фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ингушетия // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.
- Крупнов Е. И. Древняя история Северного Кавказа. М., 1960.
- Базоркин М. М. Памятники средневековья в горной Чечено-Ингушетии. Грозный, 1964.
- Воронин К. В., Малашев В. Ю. Погребальные памятники эпохи бронзы и раннего железного века равнинной зоны Республики Ингушетия. М., 2006.