Ингушҳо
Ингушҳо | |||
|---|---|---|---|
| ингуш. ГIалгIай | |||
|
|||
| Таҳҷоии таърихӣ | |||
| Маълумоти дигар | |||
| Забон | Ingush[d] | ||
| Динҳо | ислом ва суннӣ | ||
Ингушҳо (худ галгай гӯянд) — халқ дар Руссия, мардуми асосии Ингушетия. Шумораи умумияшон 700 ҳазор нафар. Аксарияташон (488 ҳазор) дар Ингушетия (2018), боқимонда дар Осетияи Шимолӣ, Чеченистон, Маскав, Қазоқистон, мамлакатҳои Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик зиндагӣ мекунанд. Якҷо бо чеченҳо ҷамоаи вайнахҳоро ташкил медиҳанд. Ба забони ингушӣ гуфтугӯ мекунанд. Ингушҳо умуман мусулмонони суннимазҳабанд. Аз аҳолии таҳҷоии Қафқози Шимолӣ мебошанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз тохтутози тотору муғул (асри 13) асосан дар кӯҳистон зиндагӣ мекарданд. Аз охири ҳазораи 1 дар байни ингушҳои Гурҷистон масеҳият ва асрҳои 16–19 ислом густариш ёфт. Тасаввуф аввал дар шакли тариқати нақшбандия ва аз нимаи 2-юми асри 19 дар шакли тариқати қодирия аҳаммияти бузург дошт. Аз охири асри 16 ингушҳо ба водиҳои Сунжа ва Терек кӯч бастанд. Номи «ингуш» (аз охири асри 17) аз номи яке аз деҳаҳои аввалин дар ҳамворӣ – Ангуш маншаъ гирифтааст. Соли 1944 ингушҳоро ба таври иҷборӣ аз ҳудуди Руссия ба Осиёи Миёна ва Қазоқистон кӯчонданд. Соли 1957 пас аз барқароршавии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Чеченистону Ингушетия ингушҳо ба ватани худ баргаштанд.
Кишоварзӣ ва ҳунармандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фарҳанги миллиашон хосси халқҳои Қафқоз аст. Машғулияти асосиашон кишоварзӣ ва чорводорӣ. Дар кӯҳистон мазрааҳои зина-зина афзалият дошта, дар ҳамвориҳо ҷав, ҷуворӣ, гандум, ҷавдор, лӯбиё ва каду кишт мекарданд. Дар миёни ингушҳо силоҳсозӣ, заргарӣ, кулолӣ, коркарди пӯст, чӯб ва санг инкишоф ёфта буд.
Меъморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои маҳалҳои кӯҳистон (аз асрҳои 10–17) манораҳои иқоматии росткунҷаи 2–3-ошёна бо боми ҳамвор ва манораҳои ҳарбии чоркунҷаи 5–6-ошёна бо боми ҳирамшакли зинадор хос буданд. Аз санг дахмаҳо, дар асрҳои миёна калисоҳо бунёд мекарданд. Дар водиҳо аҳолӣ қад-қади роҳу дарёҳо зиндагӣ мекарданд. Хонаҳои иқоматии дарози аз гил сохташуда доштанд, ки барои оилаи калон пешбинӣ шуда буданд. Либосашон хосси Қафқози Шимолист. Либоси мардона аз кулоҳ (попох)-и махрутшакли қисми болояш васеъшуда ва либоси занона нимпӯстин аз пӯсти гӯсфанд, кулоҳи намадӣ ё чармини бо матои гаронбаҳо, ҷавоҳироти нуқрагӣ ва ҳалқачаҳои мисӣ орододашуда иборат аст.
Дин ва ҷашнҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сохтори иҷтимоияшон аз оилаҳои ғайри хешутабории патриархалӣ ва ҷамоаҳои суфиён иборат буд. Мард бояд ном ва ҷои таваллуди ҳафт пушти падарии хешро донад. То қабул кардани ислом маъбадҳои бутпарастӣ доштанд. Парастиши ҳомии ҷамоа ва қаряҳо (ссу) аҳаммияти бузург дошт. Ҷашнҳои анъанавӣ – Тушоли сей (илоҳа Тушоли), Сесарий сей (саворазанон), иди Рамазон, иди Қурбон, Мавлуд – мавлуди Муҳаммад (с) ва ҳангоми тавлиди писар. Анъанаи таронасароии якка ва гурӯҳӣ (яковоза ва бисёровоза)-и мардона ва занона мавҷуд аст. Дар фарҳанги миллӣ достони нартӣ, сурудҳои таърихӣ ва ҷашнӣ мақоми махсус доранд, қисми зиёди онҳо бо ҳамовозии сози торӣ иҷро мешаванд. Рақси дӯстдоштаи ингушҳо лазгии ҷуфт мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ингушҳо́ // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.