Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Индексатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Индекса́тсия, намоябандӣ — афзудани пардохтҳои пулӣ мувофиқи тағйирёбии индекси нархҳо, усули нигоҳдории андозаи воқеии талаботи пулӣ ва даромадҳои гуногун дар шароити таваррум.

Индексатсия пас аз хотима ёфтани Ҷанги ҷаҳонии дувум дар мамлакатҳои дорои иқтисоди бозорӣ паҳн гардид. Дар бахши давлатӣ индексатсия бо роҳи баланд бардоштани нафақа, идрорпулӣ, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин маоши кормандони буҷетӣ амалӣ карда мешавад. Дар бахши хусусии иқтисодиёт тавассути ворид кардани пешгӯиҳои индексӣ ба созишномаҳои тарофавӣ ва шартномаҳои коллективӣ ба роҳ монда мешавад.

Механизмҳои индексатсияи музди кор вобаста ба меъёрҳои ҳуқуқии дар кишвар амалкунанда ва вазъи иқтисодии он фарқ мекунанд. Дар баъзе мамлакатҳо усулҳои ягонаи индексатсия бо тавофуқи намояндагони иттифоқи касаба, корфармо ва ҳукумат ҳам дар бахши давлатӣ ва ҳам дар бахшии хусусӣ таҳия шудаанд. Дар мамлакатҳои дигар индексатсия хусусияти интихобӣ дорад, чунки фақат як қисми шартномаҳои коллективии коргарӣ боби алоҳида дар бораи тартиби зиёд намудани музди кор дар мавриди баландшавии нархҳо доранд.

Механизми индексатсия унсурҳои зеринро дар бар мегирад: асос барои индексатсия, давраи индексатсия ва дараҷаи он. Аз назари асос индексатсияи дар муҳлати муайян (мас., ҳар се моҳ, ҳар ним сол ва ҳар сол) ва индексатсияи наздикро фарқ мекунанд, ки бузургии ниҳоии индекси нархҳо беихтиёр индексатсия ро ба вуҷуд меорад ва, маъмулан, бо фоизи индекси болоравии нархҳо муайян карда мешавад. Давраи индексатсия вақтест, ки дар тӯли он бояд зиёдшавии пардохтҳо ба амал ояд. Индексатсияи дарназардошташуда бо таваҷҷуҳ ба дурнамои баландшавии нархҳо ва индексатсияи ретроспективӣ (ба ақиб назаркунанда) мувофиқи баландшавии нархҳо дар давраи гузашта (бештар мавриди истифода аст) анҷом дода мешавад. Дараҷаи индексатсия мутаносиб ё маҳдуд мешавад. Ҳангоми индексатсияи мутаносиб пардохтҳо мувофиқи бузургии индекси нархҳо, дар мавриди индексатсияи маҳдуд ба бузургии камтар аз болоравии нархҳо зиёд мешаванд. Индексатсияи мутаносиб, маъмулан, нисбат ба кормандоне, ки музди кори кам мегиранд ва гурӯҳҳои аҳолии даромадашон кам истифода мешавад. индексатсияи маҳдуд кормандони музди корашон баландро фаро мегирад.

Мувофиқи гузориши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон музди воқеии кор (бо дар назар доштани тағйироти индекси нархҳо) дар ҷумҳурӣ октябри 2016 нисбат ба октябри 2015-ум 9,4 фоиз зиёд шудааст.

Индексатсия дар таҷрибаи бонкӣ маънои онро дорад, ки қарз вобаста ба омиле — меъёри фоиз, тағйирёбии нархи тило, меъёри ЛИБОР (LIBOR — London Interbank Offered Rate) ва ғ. тағйир меёбад.

  • Оймаҳмадов М., Раҳимов Ш., Раҳматова Г. Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ. Д., 1999;
  • Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (январ — ноябр). Гузориши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2016.