Индексатсияи пардохти алимент

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Индексатсияи пардохти алимент — тибқи моддаи 118 КО ҶТ маблаги алименти бо ҳалномаи суд дар шакли пули устувор ситонидашаванда аз ҷониби маъму рияти ташкилоти маҳалли нигоҳ доштани алимент мутаносибан бо зиёдшавии андозаи ҳадди ақали музди меҳнати тибқи қонун муқарраргардида индексатсия карда мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хидматрасонӣ» аз 27 декабри соли 1993 муносибатҳои вобаста ба индексатсияи даромад ва пасандозҳои пулии шаҳрвандонро ба танзим медарорад. Д ар шароити дар мамлакат ҷой доштани инфлятсия (беқурбшавии маблаги пулй) маблаги алименти дар шакли пули устувор рӯёнидашуда низ а з ин воқеият бетаъсир намемонад ва он низ беқурб мегардад. Қонунгузор барои ҳамин ҳам барои аз инфлятсия ҳимоя намудани маблағи алимент индексатсияи он р о пешбинӣ кардааст. Ғайр а з ин, т ар ти би зикргардида муроҷиати бешумори минбаъдаи алиментғирандаро оид ба тағӣир додани маблағи устувори алимент пешгирӣ мекунад. Маъмурияти ташкилотҳои маҳалли нигоҳ доштани алимент ҳангоми зиёдшавии андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат мутаносибан маблағи алиментро, ки бо пули усгувор муқарраршудааст, иидексатсия менамояд. Иҷрои чунин вазифа оид ба индексатсия аз ҷониби маъмурияти номбурда ҳатмисг, чунки он аз ҳалномаисуд бармеояд. Иҷрочии суд бошад, мутобиқи талаботи моддаи 410 КМГҶумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз болои дуруст нигоҳ допггани алимент аз музди меҳнат ва дигар даромадҳо назорат мебарад. Ҳамин тавр,иҷрочии суд таъмини талаботи мод-даи 118-и КО Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд. Қисми 2 модцаи 118 КО ҶТ пешбинӣкардааст, ки барои татбиқи индексатсияи суд ҳангоми таъйин кардани алимент маблаги онро метавонадбо пули устувор ба андозаи муайяниҳадди ақалли музди меҳнат муқаррарнамояд ва мутобиқи қонунгузорииҷорӣ ҳадди ақалли музди меҳнат азҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Мутобиқи талаботи модцаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон музди кор дар тамомисоҳаҳои хоҷагидорӣ новобаста азшакли моликият аз ҳадци ақалли музди меҳнат набояд кам бошад. Ҳангоми индексатсияи маблаги устувориалимент шакли моликият ба инобатгирифта намешавад, чунки он нисбати ҳам соҳаи давлатӣ ва ҳам соҳаҳои ғайридавлатӣ татбиқ мегардад. Бо мақсади он ки индексатсияи алимент амалӣ гардад, маблағи устувори алимент дар маблағи мушаххаси сомонӣ муайян шуда, он мутаносибан ба андозаи ҳадци ақали музди меҳнат муқаррар мегардад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — соли 178-179