Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Индикатор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Индикатор (лот. indicator – нишондиҳанда, муайянкунанда) — абзор, ҷиҳоз, олате, ки барои андозагирӣ, сабт ва муайян кардани сифат ё миқдори мудрак (объект)-и мушоҳида истифода мешавад.

Индикаторро дар таҳқиқоти илмӣ ва рӯзгор истифода мекунанд. Индикатор одамро аз рух додани ҳолатҳои садамавӣ ва ворид шудани иттилооти фаврӣ огоҳ карда, тасмимгириро осон мекунад ва яке аз воситаҳои асосии алоқаи иттилоотии байни мошин ва одам мебошад. Индикатори биноӣ, акустикӣ (савтӣ) ва тактили (ламси)-ро фарқ мекунанд. Индикатори биноӣ бештар маъмул аст, зеро одам 90 дарсади иттилоотро бо чашм қабул мекунад. Бо индикатори акустикӣ теъдоди бисёри истифодабаронро дар ҳолати мавҷуд набудани индикатори биноӣ (масалан, дар ҳолати бад будани аёният) ва ғ. огоҳ кардан мумкин аст. Индикатори тактилиро бо индикатори биноӣ якҷо истифода мекунанд.