Инженерияи генетикӣ
Инженерияи генетикӣ, инженерияи генӣ — бахши биологияи молекулавӣ, ки бо усулҳои генетикӣ ва биокимиёӣ маҷмӯи генҳои нави ғайритабииро таҳия мекунад.
Солҳои 70 асри 20 пайдо шудааст. Дар асоси инженерияи генетикӣ ва инженерияи ҳуҷайравӣ биотехнологияи муосир ба вуҷуд омадааст. Инженерияи генетикӣ ба берун овардани ген ё гурӯҳи генҳо аз ҳуҷайраи андомгон, пайвастани онҳо бо молекулаҳои муайяни асидҳои нуклеат ва ба ҳуҷайраи мавҷудоти дигар ворид кардани молекулаҳои дурагаи ҳосилшуда асос ёфтааст. Инженерияи генетикӣ барои ҳалли баъзе масъалаҳои генетика, тиб, кишоварзӣ, биотехнология ва амсоли инҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад. Бо истифода аз инженерияи генетикӣ баъзе пайвастҳои фаъоли биологӣ, ба мисли инсулин, интерферон ва ғ. ҳосил карда шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Инженерияи генетикӣ // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.