Инкубатор:Ишматов Аскаралӣ Бозорович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ишматов Аскаралӣ Бозорови[вироиш]

Ишматов Аскаралӣ Бозорович
Санаи таваллуд: 4 май соли 1947
Зодгоҳ: Ноҳияи Спитамен, вилояти Суғд

Ишматов Аскаралӣ Бозорович - (соли таваллудаш 1947), доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон (1987), ихтирокори ИҶШС (1986) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015)

Мундариҷа[вироиш]

Зиндагинома[вироиш]

   Ишматов Аскаралӣ Бозорович   4 майи  соли 1947 дар ноҳияи  Спитамен, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд  шудааст. Баъд аз хатми  Донишкадаи  нассоҷии  Тошканд  аз моҳи сентябри соли 1971 ҳамчун устои сехи бофандагии комбинати нассоҷии ш.Тошканд  фаъолияти меҳнатиашро оғоз бахшидааст. Соли 1973  ӯ фаъолияти худро ҳамчун аспиранти кафедраи нассоҷии Донишкадаи нассоҷии ш. Тошканд  шурӯъ кардааст. Баъдан чун асиссент, муаллими калон  ва аз соли 1983 то 1987 ба сифати дотсенти  кафедраи номбурда фаъолият бурдааст. Соли 1981 рисолаи номзадии худро аз рӯи ихтисоси 05.02.19. - Технология ва коркарди аввалини маснуоти нассоҷӣ ва ашёи хом " дар мавзӯи «Муносибгардонии ҷараёни тортании ресмонҳои абрешимин»   дар Шӯрои диссертатсионии Донишкадаи нассоҷии ш.Москва ба номи А.Н.Косыгини ФР  ва соли 2013  рисолаи докториро дар мавзӯи «Мукаммалгардонии технологияи истеҳсол ва коркарди ресмонҳои абрешимин барои бофт» дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Кострома (Федератсияи Россия)  бомуваффақият ҳимоя кардааст. 
  Соли 1987 пас аз таклифҳои бисёркарата аз ҷониби Вазорати маорифи ИҶШС Тоҷикистон ва шахсан ректори Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба ҳайси олими шинохтаи соҳа ба ватан барои идомаи фаъолияти меҳнатӣ баргашт ва то соли 1999 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои таълимию илмӣ дар филиали Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст. Тӯли солҳои 1999-2003 Ишматов А.Б. сарварии Комбинати таълимӣ-истеҳсолии № 4-и ш. Хуҷандро ба ӯҳда доштааст. Вале, муҳаббати устод нисбат ба касби омӯзгори мактаби олӣ  ва иҷро намудани тадқиқоти илмӣ ӯро аз нав ба донишгоҳ овард. Аз соли 2006 то имрӯз Ишматов А. Б. дар вазифаи дотсент, мудири кафедраи «Технологияи маснуоти нассоҷӣ ва тарҳрезии либос» ва профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор мекунад ва таҷрибаи ғании худро барои мутахассисони рақобатпазири саноати нассоҷӣ ва сабуки ҷумҳурӣ дареғ намедорад. Ишматов А.Б. маҳорат ва малакаи баланди касбӣ дошта, дар қалби садҳо шогирдони худ тавонист, ки муҳаббат, шавқу завқи беандозаро нисбат ба касби душвори муҳандисӣ – технологӣ ва фанҳои дақиқ бедор намояд. Ишматов А.Б.оиладор, соҳиби 3 нафар фарзанд.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш ӯ зиёда аз 200 корҳои илмӣ чоп кардааст. Аз он ҷумла: 6 монография, 4 китоби дарсӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактабҳои олӣ, 16 патент оид ба ихтироот ҶТ ва ФР, 4 санади татбиқӣ, 168 мақола ва 19 дастури методиро ба толибилмон пешкаш намудааст. Монография ва мақолаҳои ӯ дар маҷаллаҳои хориҷии кишвар (Олмон, Россия,Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озорбойҷон ва ғайра) ва дохили ҷумҳурӣ чоп шудаанд.

Мукофот ва ҷоизаҳо[вироиш]

• Аълочии маорифи Тоҷикистон (1987) • Ихтирокори Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Советӣ (1986) • Ихтирокори Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015). • Сазовори Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]