Инострансевияҳо
Намуди зоҳирӣ
Инострансевияҳо (Inostranceviidae) — оилаи хазандагони дарандашакли мунқариз аз қатори горгонопияҳо.
Ба шарафи олими рус А. А. Инострансев номгузорӣ шудаанд. Инострансевияҳо фақат аз давраи перми охири Аврупои Шарқӣ ёфт шудаанд. Скелети инострансевияҳоро палеонтологи рус В. П. Амалитский ҳангоми ҳафриёт дар д. Двинаи Шимолии Хурд (ибтидои асри 20) пайдо кардааст. Тибқи маълумоти олимон дар табиат 3 намуди инострансевияҳо мавҷуд буд. Дарозиашон 3,5 м; сари калон (дарозии косахонаи сарашон то 50 см), ҷоғи пурқувват, дандонҳои шофмонанд доштанд. Инострансевияҳо дарандагони дубаҳра буданд. Дар ҳавзҳои калони тунукоб зиндагӣ мекарданд. Ғизои инострансевияҳо парейазаврҳо буданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Инострансевияҳо // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.