Инсбрук
| Маҳалли аҳолинишин | |||||
Инсбрук | |||||
|---|---|---|---|---|---|
| олмонӣ: Innsbruck[1] | |||||
| | |||||
|
|||||
| Кишвар |
|
||||
| Роҳбар | Johannes Anzengruber[d][2] | ||||
| Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
| Таъсис | 1234 | ||||
| Аввалин номбарӣ | 1180 | ||||
| Масоҳат | |||||
| Баландии марказ | 574 м | ||||
| Аҳолӣ | |||||
| Аҳолӣ | |||||
| Забони расмӣ | олмонӣ | ||||
| Шиносаҳои ададӣ | |||||
| Пешшумораи телефон | 0512 | ||||
| Нишонаи почта | 6020, 6010–6040 ва 6080 | ||||
| Коди мошин | I | ||||
| innsbruck.at(олмонӣ) | |||||
|
|
|||||
Инсбрук (олмонӣ: Innsbruck) — шаҳр дар қисми ғарбии Австрия, маркази маъмурии иёлати Тирол. Дар иҳотаи қаторкӯҳҳои Алпи Шимолӣ, дар соҳили дарёи Инн, дар доманаи қаторкӯҳҳои Карвендел ҷойгир аст. Аҳолиаш 130 ҳазор нафар (2016).
Нақлёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Инсбрук дорои шабакаи бузурги нақлиётӣ буда, роҳҳои он тавассути қаторкӯҳи Алп ба сӯи Швейтсария, Италия ва Олмон тӯл кашидаанд. Шоҳроҳи автомобилӣ ва роҳи оҳани Инсбрукро бо шохаҳои Мюнхен, Сюрих, Вена (ба воситаи хатсайри Залсбург – Линс), Венетсия (ба воситаи хатсайри Болсано – Тренто) мепайванданд. Фурудгоҳи байналмилалӣ (дар Кранебиттен) дорад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳудуди Инсбрук бори нахуст одамон дар давраи палеолит сокин шудаанд. Дар асри 1 м. дар Инсбрук қароргоҳи ҳарбии румии Велдиден мавҷуд буд. Дар асри 12 графҳои фон Андекси Бавария, ки соҳибмулки Инсбрук буданд, онро ба маркази тиҷорат табдил доданд. Соли 1239 мақоми шаҳрро гирифт. Аз соли 1263 дар ҳайати графии Трипол ва аз соли 1363 то 1918 зери тасарруфи империяи Ҳабсбургҳо қарор дошт ва чанд бор қароргоҳи ин империя ва маркази маъмурии Тирол буд. Зимни муҳорибаҳои Наполеони I Бонапарт (1799–1815) дар ҳайати Бавария буда, баъдан ба Австрия баргардонда шуд. Инсбрукро солҳои 1918–24 сипоҳиёни Италия ва солҳои 1945–55 фаронсавиҳо истило кардаанд.
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Инсбрук корхонаҳои саноати электротехникӣ, кимиёӣ, дорусозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ дорад. Маркази муҳимми тиҷорат ва хидматрасонӣ мебошад. Нахустин трамвай ба Инсбрук соли 1905 омад. Инсбрук маркази муҳимми молиявӣ – бонкӣ, хидматрасонии расмӣ, маркази анъанавии баргузории намоиш ва ярмаркаҳои илмӣ-техникӣ ва саноатӣ буда, дар он идораи кулли ширкати «Westbeach» (истеҳсолкунандаи либосҳои варзишии зимистонӣ), бинои асосии ширкати «Swarovski» (яке аз бузургтарин ширкатҳо дар Австрия), фабрикаи бузурги суфтакунӣ ва сайқалдиҳии булӯр (1895) ҷойгиранд.
Фарҳанг ва илм
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Инсбрук Донишгоҳи ба номи Леополд Франс (1669), донишгоҳи тиббӣ (2004), 11 калисо, 5 дайр, қалъаи Амбарс бо чаҳорбоғ (асри 16), Қасри императории Хофбург (1456), музейи миллии Тирол, музейҳои шаҳрӣ, императории шикорӣ, аслиҳахона, Театри Тирол, оркестри симфонӣ, Нигористони Сваровски, Боғи ботаникии донишгоҳ, боғи ҳайвоноти алпӣ, маркази сайёҳӣ, Маркази байналмилалии лижаронии кӯҳӣ мавҷуданд. Солҳои 1964 ва 1976 дар Инсбрук Бозиҳои олимпии зимистонӣ баргузор гардиданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Инсбрук // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.