Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ
Намуди зоҳирӣ
Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ — яке аз муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон[1].
Он қаблан шуъбаи Институти илмию истеҳсолии «Зироаткорӣ» буду баъдан ҳамчун муассисаи алоҳидаи илмӣ дар назди Вазорати кишоварзӣ таъсис ёфт, сипас ба ихтиёри Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон гузашт. Роҳбари аввалини институт У.Эшонқулов, пас аз ӯ М. Қ. Қосимов буданд. Аз соли 1993 Турсунбой Ахмедов сарвари муассиса буд. Институтро ба шаҳри Душанбе кӯчонданд. Аз тарафи олимони институт якчанд навъҳои нави меваю сабзавот, аз ҷумла ноки тиллоранг, ангури тоифии сиёҳ, бодиринги «Беназир», пиёзи пешпазак ва ғайра кашф гардидаанд.[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020 № 487 дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, №215. mmih.tj. ADLIA. 6 сентябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 69
| Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |