Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

(ДТҶТ ба номи С. Раҳимов)
Номи байналмилалӣ Таджикский физкультурный институт имени С. Рахимова
Ректор Шодӣ Сафаров
Донишҷӯён 5640
Аспирантура 9
Докторон 2
Профессорон 1
Омӯзгорон 190
Мавқеъ  Тоҷикистон: Душанбе, Лучоб
Нишонии ҳуқуқӣ 734026, Тоҷикистон, Душанбе, кӯч. Лучоб, 53, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов

Донишкада́и тарбия́и ҷисмони́и Тоҷи­кис­то́н ба номи С. Раҳимовмактаби олии таълимӣ, ки ба­рои мактабҳои олӣ, миёна, гимназияҳо, литсейҳо, кол­леҷҳо мутахассисони соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ тарбия мекунад.

Таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

15 марти 1971 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо донишкада 2 факулта (омӯзгорӣ ва варзиш) ва 10 кафедра дошт, ки дар онҳо 620 донишҷӯ таҳсил мекарданд. Ба ғайр аз кафедраҳои ҷомеашиносӣ ва пизишкиву биологӣ, кафедраҳои варзиш низ дошт: варзиши сабук, бозиҳои варзишӣ, гимнастика, назария ва методикаи тарбияи ҷис­монӣ ва ғайра. Дастпарварони аввалини он донишкадаро соли 1975 хатм кардаанд. Он вақт дар донишкада шуъбаи ғоибона низ вуҷуд дошт. Солҳои 80 садаи XX дар донишкада кафедраҳои нав таъсис ёфтанд: тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, физиология, варзишӣ ва муолиҷавӣ, кафедраи ташкил, идора ва таърихи тарбияи ҷисмонӣ, кафедраи навъҳои техникии варзиш. Соли 1984 факултаи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ ва таълими тарбияи ҷисмонӣ ташкил шуд.

Хатмкардагони донишкада[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз хатмкардагони донишкада 211 нафар Устоди варзиши Тоҷи­кистон, 78 нафар Устоди варзиши собиқ ИҶШС, зиёда аз 280 нафар Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ гардидаанд. Зиёда аз 5000 хатмкардаи донишкада меъёри Устоди варзиши ИҶШС ва дараҷаи байналмилалиро иҷро намудаанд. Донишкада ҳамчунин теъдоди зиёди мутахассисони соҳаи ҳарби­ро тарбия кардааст. Аз ҷумла, 9 нафар рутбаи генералӣ, зиёда аз 1170 нафар рутбаҳои ҳарбии подполковник ва полковник гирифтаанд.

Факултетҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳоло дар донишкада 5 факулта (сайёҳии кӯҳӣ, варзиш, омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷис­монӣ, тарбияи ҷисмонӣ (ғоибона) ва 20 кафедра фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 5640 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Ба онҳо 190 омӯзгор, аз ҷумла, 2 доктори илм, 1 проффесор, 8 номзади илм, 40 муаллими калон дарс медиҳанд, ки 21 нафари онҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошанд. Муҳлати таҳ­сил дар донишкада 4 сол аст. Дар донишкада оид ба илмҳои гума­ни­тарӣ, инчунин назария ва таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳқиқоти илмӣ анҷом дода мешавад. Ҳоло донишкада 9 унвонҷӯ дорад.

Серсохтор[вироиш | вироиши манбаъ]

Масоҳати умумии донишкада 36 га буда, он дорои 1 майдончаи варзиш, 2 майдони калони футбол, 3 майдончаи волейболбозӣ ва баскетболбозӣ, 2 майдони варзиши сабук, 5 толори варзиш, 1 шаҳраки ҳарбӣ, хобгоҳ барои 600 донишҷӯ, 3 ошхона, китобхона (дорои 140000 китоби ба­деӣ ва таълимӣ) мебошад.

Ректорони донишкада[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Умаров Т. У. (1971–75)
  • Репа Ф. П. (1975–83)
  • Ҳасанов И. Р. (1983–85)
  • Сатторов А. С. (1985–86)
  • Шукроев К. Ш. (1986–94)
  • Ҷобиров Б. С. (1994–2001)
  • Маҳ­мадов А. Н. (2001–06)
  • Розиқзода А. Ш. (2006–09)
  • Са­фаров Ш. А. (аз соли 2009)

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.


Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]