Интеграл
Интеграл (лот. integer – том, пурра, комил) — яке аз мафҳумҳои муҳимми математика, ки барои аз рӯи ҳосилаҳои функсия ҳисоб кардани худи функсия (интеграли номуайян) ва сатҳу ҳаҷми фигураҳо, муайян кардани кори ягон қувва дар фосилаи муайяни вақт, массаи ҷисми ғайриякҷинса, суръатҳои гуногун дар масири як ҳаракат, дарозии камон ва ғайра ба вуҷуд омадааст.
Ба таври сода Интегралро ҳамчун ҳосили ҷамъи ададҳои беохири ҷамъшавандаҳои беохир хурд тасаввур кардан мумкин аст. Вобаста ба фазое, ки дар он функсияи зери Интеграл дода шудааст, Интеграл дукарата, секарата, каҷхатта, сатҳӣ ва вобаста ба тарзҳои муайян кардани он Интегралҳои Риман, Лебег, Стилтес ва ғайра, ҳамчунин Интегралҳои муайян ва номуайян мешавад. Мафҳуми «Интеграл» бори аввал дар асарҳои Я. Бернулли истифода шудааст (1690).
Амали ҳисоб кардани Интеграл интегралгирӣ номида мешавад. Амали интегралгирӣ ва дифференсиалгирӣ баръакси ҳам мебошанд.
Интеграли номуайян
[вироиш | вироиши манбаъ]Агар f(x) ҳосилаи ягон функсия F(x) бошад, F(x)-ро функсияи ибтидоии функсияи f(x) меноманд. Агар ба функсияи ибтидоии ягон функсия ягон бузургии доимӣ зам карда шавад, боз функсияи ибтидоии ҳамон функсия ҳосил мешавад. Пас, агар як функсияи ибтидоӣ маълум бошад, маҷмӯи ҳамаи функсияҳои ибтидоиро чунин навиштан мумкин аст: F(x)+С. Ин ифодаи умумии функсияҳои ибтидоиро интеграли номуайяни функсия f(x) меноманд ва чунин ишорат мекунанд:
f(x) dx.
Яке аз теоремаҳои ҳисоби интегралӣ муқаррар мекунад, ки ҳар як функсияи бефосилаи f(x)-и тағйирёбандааш ҳақиқӣ дорои интеграли номуайян мебошад.
Интеграли муайян
[вироиш | вироиши манбаъ]Интеграли муайяни функсияи f(x)-ро барои фосилаи байни ҳудуди поинӣ a ва ҳудуди болоӣ b чун фарқи
F (b) – F (а) = f(x)dx (1)
ифода кардан мумкин аст, ки ин ҷо F(x) функсияи ибтидоии f(x) мебошад.
Ин таъриф ба интихоби функсияи ибтидоӣ (барои ҳисоб кардани интеграли муайян) вобаста нест. Агар функсияи f(x) бефосила бошад, ин таъриф ҳангоми a<b ба таърифи зерини О. Коши (1823) баробарқувва (баробармаъно) мешавад. Порчаи [a,b]-ро ба n ҳисса тақсим карда:
a = xo<x1 <… <xn = b (2)
дар ҳар порчаи [xi–1, xi] (i=1,2,…, n ) як нуқтаи дилхоҳи ξi (xi–1≤ξi≤xi)-ро интихоб мекунанд ва суммаи зайлро тартиб медиҳанд:
Sn = f(ξ1.) (x1– x0) + f(ξ2.) (x2 – x1) +...+ f(ξn.) (xn – xn-1). (3)
Суммаи Sn ба интихоби нуқтаҳои xi ва ξi. вобаста аст. Вале агар калонтарин фарқи xi – xi – 1 ҳангоми n → ∞ кардан ба сифр майл кунад, суммаҳои Sn низ, ки ҳангоми ҳар гуна интихоб кардани нуқтаҳои xi ва ξi ҳосил мешаванд, ба ҳудуди муайян майл мекунанд. Ҳудуди мазкур интеграли муайяни
f(x)dx
номида мешавад. Мувофиқи таъриф,
f(x)dx = 0; f(x)dx = – f(x)dx
аст. Чи тавре ки зикр шуд, Интеграли муайянро ба воситаи ҳар гуна функсияи ибтидоии F(x) ифода кардан мумкин аст ва баръакс, функсияи ибтидоиро ин тавр метавон навишт:
F(x) = F(а) + f(t)dt, (4)
ки ин ҷо a собитаи дилхоҳ мебошад. Вобаста ба ин Интеграли номуайянро чунин ифода кардан мумкин аст:
f(x)dx = f(t)dt + C.(5)
Таълими мафҳуми интеграл.
Интеграли Риман
[вироиш | вироиши манбаъ]О. Коши таърифи Интегралро танҳо барои функсияҳои бефосила татбиқ мекард. Таърифи дигари мафҳуми Интегралро Б. Риман (1853) пешниҳод кардааст, ки дар он бефосила будани функсияи f(x) шарт нест. Мувофиқи ин таъриф, дар ҳама мавридҳое, ки ҳудуди суммаҳои Sn ҳангоми max (xi – xi –1) → 0 кардан, якқимата муайян шудааст, Интеграли муайян
I = f(x) dx (6)
номида мешавад. Б. Риман шартҳои татбиқпазири ин мафҳумро низ нишон дод. А. Лебег (1902) шартҳои Риманро дар асоси мафҳуми ченаки маҷмӯъ (ки худи ӯ ҷорӣ карда буд) такмил дод. Барои бо тарзи Риман интегралпазир будани f(x) зарур ва кофист, ки: 1) f(x) дар порчаи [a,b] маҳдуд бошад ва 2) маҷмӯи нуқтаҳои каниши функсияи f(x) дар [a,b] ченаке дорад, ки баробари сифр мебошад. Ҳамин тариқ, дар ин сурат бефосила будани f(x) дар ҳар нуқтаи порчаи (a, b) шарт нест. Соли 1879 математики фаронсавӣ Г. Дарбу (1842–1917) Интеграли Риманро таърифе дод, ки шартҳои мавҷудияти ин гуна Интегралро комилан мушоҳидапазир мегардонад. Г. Дарбу бар ивази суммаҳои (3) суммаҳои Интегралии зайлро таҳия намуд, ки онҳо суммаҳои Дарбу ном гирифтаанд:
= M1(x1 – xo) + M2 (x2 – x1) + … + Mn (xn – xn –1)
ва
= m1(x1 – xo) + m2(x2 – x1) +… + mn (xn – xn –1),
ин ҷо Mk ва mk мувофиқан сарҳадди болоӣ ва сарҳадди поинии функсияи f(x) дар порчаи [Mk ва mk] мебошанд. Агар сарҳадди поини суммаҳои ва сарҳадди болоии суммаҳои бошад, пас барои мавҷудияти Интеграли Риман зарур ва кофист, ки = шавад. Ҳамин қимати умумии (I = =)-и бузургиҳои ва интеграли Риман (6) мебошад. Онро, маъмулан, чунин ишора мекунанд:
(R) f(x)dx.
Худи бузургиҳои ва -ро мувофиқан интеграли болоӣ ва поинии Дарбу меноманд.
Интеграли Лебег
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷорӣ гардидани мафҳуми ченаки маҷмӯъ (А. Лебег, 1902) имкон дод, ки таърифи И. васеътар дода шавад. Барои муайян кардани Интеграли (6) Лебег соҳаи қиматҳои бузургии тағйирёбандаи y = f(x)-ро тавассути нуқтаҳои …y–2 <y – 1 <yo <y1 < ... yi <… ба n ҳисса тақсим карда, чунин суммаи ададӣ тартиб медиҳад:
S = Ʃ ηіμ(Mі),
ки дар он ηі нуқтаи дилхоҳи порчаи yi-1 ≤. ηі< yi ва μ(Mі) ченаки маҷмӯи Mі = (x ϵ [a,b]:y <f(x)<y1) мебошанд. Агар пайдарпаии қиматҳои ин сумма ҳангоми max (yi – yi-1) →0 кардан наздикшавандаи мутлақ бошанд, функсияи f(x)-ро дар порчаи [a, b] ба тарзи Лебег интегралпазир меноманд. Ҳудуди суммаҳои мазкур Интеграли Лебег (6) ном дорад ва чунин ишорат мешавад:
(L) fdx.
Барои он ки аз функсияи маҳдуди f(x) Интеграли Лебег гирифта шавад, кофист, ки f(x) ба тарзи Лебег ченшаванда бошад (нигар Функсияи ченшаванда). Бино бар ин қариб аз ҳамаи функсияҳои кандашаванда Интеграли Лебег гирифтан мумкин мебошад. Агар функсияи f(x) ба тарзи Риман интегралпазир бошад, онро ба тарзи Лебег низ интеграл гирифтан мумкин аст. Аммо на ҳама функсияҳое, ки ба тарзи Лебег интеграл гирифта мешаванд, ба тарзи Риман интегралпазир мебошанд. Чунончи, функсияи Дирихле
ба тарзи Риман интеграл гирифта намешавад.
Барои И.-и Лебег қариб дар ҳама мавридҳо формулаи Нютон-Лейбнитс татбиқпазир аст.
Интеграли Стилтес
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1894 математики ҳолландӣ Т. Стилтес Интеграли Риманро ба таври дигар умумият дод. Фарзан f(x) функсияи бефосилаи тағйирёбандаи ҳақиқии x-и дар порчаи [a,b] муайяншуда ва U(x) функсияи маҳдуди монотонии дар ҳамин порча муайяншуда бошанд, барои муайян кардани Интеграли Стилтес порчаи [a,b]-ро аз рӯи ифодаи (2) ба n ҳисса тақсим карда, суммаи
f(ξ1)[U(x1) – U(x0)] + f(ξ2) )[U(x2) – U(x1)] +…+ f(ξn))
[U(xn) – U(xn-1)]-ро
тартиб медиҳанд, ки дар он ξi (i = 1, 2, …, n) нуқтаи дилхоҳи порчаи [xi-1, xi] аст. Бигзор ᵟ калонтарин масофаи байни ду нуқтаи пайдарпайи тақсимоти (2) бошад. Барои ҳар гуна пайдарпайие, ки ᵟ-аш ба сифр майл мекунад, суммаи (7) новобаста ба интихоби нуқтаҳои ξi ҳамеша соҳиби ҳамон як ҳудуди муайян мешавад. Ин ҳудуд Интеграли Стилтес аз функсияи f(x) нисбат ба функсияи U(x) ном дошта, чунин ишорат мешавад:
I = f(x)dU(x).(8)
И.-и мазкур ҳангоми вариатсияи маҳдуд доштани функсияи U(x) низ мавҷуд аст.
Агар функсияи интегралгирӣ – U(x) ҳосилаи маҳдуди ба тарзи Риман интегралпазири U’(x) дошта бошад, он гоҳ Интеграли Стилтес тавассути формулаи
f(x)dU(x) = f(x)U׳(x)dx
ба Интеграли Риман табдил дода мешавад. Аз ҷумла, ҳангоми U(x) = x + C будан Интеграли Стилтес (8) ба Интеграли муқаррарии Риман (6) табдил меёбад.
Минбаъд равияҳои бавуҷудовардаи Стилтес ва Лебег якҷо шуда, умумият ёфтанд. Дар натиҷа интегралгирии функсияҳо дар маҷмӯи ченшавандаи фазои бисёрчена имконпазир гардид, ки барои ҳисоб кардани Интегралҳои каратии классикӣ низ қобили истифода аст. Зарурати назарияи эҳтимолият ва назарияи умумии системаҳои динамикӣ боиси ба миён омадани мафҳуми васеътари Интеграл – интеграли абстрактии Лебег гардид.
Математики фаронсавӣ А. Данжуа (1912) ва математики шӯравӣ А. Я. Хинчин (1915) мафҳуми Интегралро боз ҳам васеътар умумият доданд. == Эзоҳ ==
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Интеграл / Б. Алиев, М. Исматов, А. Қурбонов. // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.