Интеграли Абел
Интеграли Абел — интеграл аз функсияи алгебравӣ, яъне интеграли намуди R(z,w)dz.
Дар ин ҷо R(z,w) функсияи ратсионалии тағйирёбандаҳои z ва w мебошад, ки байни ҳам бо муодилаи алгебравии F(z,w) ≡ a0 (z)wn + a1 (z)wn-1+...+an (z) = 0 вобастаанд ва интегралгирӣ аз рӯи хатти ростипазире сурат мегирад, ки нуқтаҳои z1 ва z2 -и ҳамвориро мепайвандад. Зариб (коэффитсиент)-ҳои ai (z) (i=0,1,2,…,n) дар муодилаи охирин функсияҳои томи нисбат ба z ратсионалӣ (яъне бисёрузвиҳо) мебошанд. Дар ҳолати хусусии F(z,w) ≡ w2–H(z) (дар ин ҷо H(z) бисёрузвии тартиби 3 ё 4 мебошад) Интеграли Абел-ро интеграли эллиптикӣ меноманд. Интеграли Абел бори аввал дар таҳқиқоти Якоб ва Иоҳанн Бернулли ҳангоми ҳисоб кардани дарозии хатҳои каҷи тартиби дуввум чун интегралҳои эллиптикӣ пайдо шуда буд. Бино бар қоида, Интеграли Абел ба воситаи функсияҳои элементарӣ ифода намешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Интеграли Абел / Н. Қозиҷонова. // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.