Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Интеграли Фурйе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Интеграли Фурйе — муташобеҳ (аналог)-и қатори Фурйе.

Агар функсияи f(x) дар тамоми тири ададӣ дода шуда бошад, онро ба воситаи Интеграли Фурйе ба таври зайл ифода мекунанд:

f(x)= ∫0∞(A(λ)cosλx + B(λ)sinλx) dx , (1)

ки дар ин ҷо A(λ) = 1/π ∫-∞+∞f(t)cos λtdt , B(λ) =

1/π ∫-∞+∞f(t)sin λtdt аст. (2)

Бо дар назар доштани баробариҳои (2) Интеграли Фурйеро дар шакли зерин низ менависанд: f(x) = ∫0∞ dλ∫-∞+∞f(t)cosλ(x–t)dt.

Баробарии (1)-ро чун шакли ҳудудии қатори Фурйе барои функсияҳои даврашон 2T дар сурати T → ∞ будан баррасӣ кардан мумкин аст. Баъзан шакли комплексии Интеграли Фурйе истифода мешавад: f(x)=1/2π ∫-∞+∞du∫-∞+∞eiu(x-t) f(t)dt.