Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Интервенсияи иқтисодӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Интервенсияи иқтисодӣ — маҷмӯи шаклҳои махсуси тақсими дубораи захираҳо тавассути механизмҳои танзими давлатии иттиҳодиявӣ ва бозорӣ.

Мафҳуми умумии интервенсияи иқтисодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мафҳуми «интервенсия», ки маънои дахолати маҷбуриро дорад, дар илм ва амалияи иқтисод барои ифодаи равандҳои гуногуни амалиёти субъектҳои иқтисодӣ истифода мешавад. Навъҳои Интервенсияи иқтисодӣи дохилӣ ва хориҷӣ дастабандӣ шудааст, ки дар навбати худ ба шаклҳои гуногун ҷудо карда мешаванд. Интервенсияи иқтисодӣи дохилиро субъектҳои иқтисодии иқтисодиёти миллӣ амалӣ мекунанд, ки дорои хусусиятҳои макроиқтисодӣ ва микроиқтисодӣ буда метавонанд. Ба шакли интервенсияи макроиқтисодӣ интервенсияи асъорӣ ва молии аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ амалишаванда тааллуқ дорад. Интервенсияи асъорӣ шакли танзими бозори асъор аз ҷониби Бонки марказӣ бо мақсади таъсир расонидан ба қурби асъори миллӣ бо роҳи хариду фурӯши асъори хориҷӣ мебошад. Интервенсияи молӣ воситаи танзими мувофиқати талабот ва пешниҳод дар бозорҳои мол ва таносуби сатҳи нархҳо ба ин ё он мол аст. Воситаи зарурии он захираҳои давлатӣ мебошанд, ки дар ҳолати якбора паст шудани талаботу нарх зиёд ва дар ҳолати ба таври беасос баланд шудани талабот ва нарх кам мешаванд. Фурӯши оммавӣ (зиёд)-и моли камчин аз захираҳои давлатӣ ё хариди моле, ки айни замон ба он талабот кофӣ нест, боиси мувозинати талаботу пешниҳод ва устувор шудани сатҳи нарх ба моли мазкур дар бозор мегардад. Интервенсияи молӣ аксар вақт барои таъсир расонидан ба нархи молҳои кишоварзӣ, ки он вобаста ба обу ҳаво ва зиёдшавии ҳосил тағйир меёбад, истифода мешавад. Он зарурати сари вақт ва зуд истифода бурдани захираҳои давлатиро ба назар мегирад.

Интервенсияи иқтисодии дохилӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба интервенсияи микроиқтисодӣ амалиёти марбут ба тақсими дубораи захираҳо дар сатҳи поинӣ тааллуқ дорад, ки боиси тағйири таносуби қувваҳо миёни ширкатҳои алоҳида мегардад. Мисоли чунин амалиёт якҷошавӣ ва фурӯбарии хусуматомези як ширкат аз ҷониби ширкати дигар, аз ҷумла ширкати хориҷӣ шуда метавонад. Ҳангоми якҷошавӣ як ширкат ширкати дигарро назорат мекунад ва соҳиби бастаи саҳмияҳо ё ҳамаи активҳои он ширкат мегардад, ки дар натиҷа ширкати тобеъ барҳам мехӯрад. Дар охири асри xx ва аввали асри 21 мавҷи якҷошавӣ ва фурӯбарӣ дар миқёси байналмилалӣ паҳн шуд. Дар даҳсолаҳои охири асри XX хароҷоти умумии солона барои назорати ширкатҳои мамлакатҳои дигар 5 карат зиёд гардид.

Интервенсияи иқтисодии хориҷӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Интервенсияи макроиқтисодии хориҷӣ бо роҳи таъсири ниҳодҳои давлатии як мамлакат ба асъори мамлакати дигар амалӣ мешавад. Дар амалӣ намудани интервенсияи асъорӣ сармояи молиявии ҳаннотӣ, бонкҳои байналмилалӣ (фаромиллӣ) иштирок мекунанд. Субъектҳои интервенсияи молии микроиқтисодии хориҷӣ ширкатҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои стратегии онҳо мебошанд, ки дар бозори ҷаҳонии мол интервенсияи молиро анҷом медиҳанд.

Таъсири ҷаҳонишавӣ ба раванди интервенсия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷаҳонишавии иқтисодиёт, ташаккули фазои иттилоотӣ ва молиявии ҷаҳон, рушди чандкаратаи равобити тиҷоратии ҷаҳон барои амалӣ шудани тамоми шаклҳои Интервенсияи иқтисодӣи хориҷӣ шароит фароҳам меоваранд.