Интерпретатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Интерпретатсия (лот. interpretatio – шарҳдиҳӣ, тафсир кардан) — тафсири асари мусиқӣ дар ҷараёни иҷро намудани матни нотавӣ. Интерпретатсия талаб мекунад, ки ҳунарманд нисбат ба мусиқии иҷрошаванда, муносибати фардӣ ва фаъол дошта, назари эҷодкоронаи худро бо фикри муаллиф ҳамоҳанг созад. Дар а. XIX санъати интерпретатсия бо эҷодиёти композиторон зич алоқаманд буд: чун қоида композиторон асарҳояшонро худашон иҷро мекарданд. Дар таҷрибаи иҷрокунандагӣ навъи нави мусиқичӣ – тавсиркунанда – иҷрокунандаи асарҳои дигар композиторон тасдиқ гардид (К. Шуман, Х. Фон-Бюлов ва ғайра). Дар баробари ин анъанаи иҷрокунандагии муаллиф низ идома меёфт. Тафсиркунандагони нозукадои асарҳои дигар муаллифон – Ф. Лист, А.Г. Рубинштейн, С.В. Рахманинов буданд. Аз нимаи дуюми асри XIX назарияи мусиқии Интерпретатсия ба вуҷуд омад, ки то ибтидои асри XX ба яке аз соҳаи муҳими мусиқишиносӣ ташаккул ёфт. Ба ибораи образноки А. Рубинштейн: «иҷронамудан – эҷоди дувумин» аст.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.158. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)