Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон (2015)
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1 марти соли 2015 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати
| Ҳизб | Фоиз | Курсӣ |
|---|---|---|
| Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон | 65,4 %, | 51 / 63 |
| Ҳизби аграрии Тоҷикистон | 11,7 % | 5 / 63 |
| Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон | 7,5 % | 3 / 63 |
| Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон | 5,15 % | 1 / 63 |
| Ҳизби демократии Тоҷикистон | 1,7 % | 1 / 63 |
| Ҳизби коммунистии Тоҷикистон | 2,2 % | 2 / 63 |
| Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон | 0,5 % | 0 / 63 |
| Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон | 1,6 % | 0 / 63 |
раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.
Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав ҲХДТ-ро 16 нафар, ҲАТ-ро — 3 нафар, ҲИИТ-ро 2 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд.
Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 1 августи 2021 сол.