Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (1999)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
← 1994   Тоҷикистон  2006 →
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (1994)
Интихоботи навбатии Президенти Тоҷикистон 1999
6 ноябри соли 1999
Явка 98,9 %
Кандидат Эмомалӣ Раҳмон Давлат Усмон Бар зидди ҳама
Партия Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Коалиция «Чапҳо ва марказгароёни чап» «Иттиҳоди мухолифин»
Родом из Ноҳияи Данғара Ноҳияи Қубодиён
Голосов 2 749 908
(97,6 %)
59 857
(2,1 %)
7 051
(0,3 %)

Результат выборов Эмомалӣ Раҳмонов, президенти феълии ҷумҳурӣ, аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, дар интихобот бо аксарияти кулли овозҳо пирӯз шуд ва бори дуюм Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Интихоботи президентӣ Тоҷикистон дар соли 1999 — интихоботи президентӣ дар ин ҷумҳурӣ, интихоботи сеюм дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, 6 ноябри соли 1999, тақрибан ду сол пас аз хатми Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар кишвар, ки аз моҳи майи соли 1992 то июни соли 1997 идома дошт баргузор шуд. Ду моҳ пеш аз ин интихоботи президентӣ дар ҷумҳурӣ раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсия баргузор гардид, ки дар натиҷаи он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардида буд, як қатор тағйирот (65 тағйирот) ворид карда шуд, ки асоси онҳо дар ҷумҳурӣ чорӣ намудани парламенти дупалатагӣ, инчунин аз панҷ то ҳафт сол зиёд кардани мӯҳлати президент (вале на бештар аз ду мӯҳлат паи ҳам).

Номзадҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Президенти феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноябри соли 1994 ва дар амал сарварии ҷумҳурӣ аз ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон, ки аз моҳи марти соли 1998 раҳбари ҳизби ҳоким, бузургтарин ҳизби марказгарои чап ва суннатпараст ва ҳизби миллатгарои кишвар мебошад, ба нияти ширкат дар интихоботи президентӣ хабар дод. Ҳизбе, ки ҷонибдори таҳкими давлати дунявӣ, давлатпарастӣ дар Тоҷикистон, ва ҳифзи равобити иттифоқӣ бо Русия ва Чин буд. Номзадии Эмомалӣ Раҳмонро куҳансолтарин ва то он замон ҳизби ҳокими кишвар — Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таҳти сарварии Шодӣ Шабдолов пуштибонӣ мекард, ки ба далели коммунистон номзади худро пешбарӣ накарда, аз интихобкунандагони хеш, ки асосан аз собиқадорон, нафақахӯрон ва коргарон иборат буданд, дархост карданд, ки ба тарафдории президенти амалкунанда овоз диҳанд.

Бо наздик шудани рӯзи интихобот, Ҳизби мухолифи сотсиалистии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки раҳбари худ, сиёсатмадори бонуфузе, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ нақши бузург дошт, ҳуқуқшинос Сафаралӣ Кенҷаевро пешбарӣ кунад. Сафаралӣ Кенҷаев то он замон бо чанд тасмиму мавзеъгириаш дар масоили мухталиф бо президенти феълӣ розӣ набуд ва аз рақибони аслии Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот маҳсуб мешуд. Дастгирии пӯшида аз Сафаралӣ Кенҷаев аз ҷониби раҳбарияти Русия ва Ӯзбекистон буд. Бо Ӯзбекистон равобити Тоҷикистон дар миёнаҳои солҳои 90-ум ба бунбаст дучор шуд. 30 марти соли 1999 Сафаралӣ Кенҷаев аз тири ронанда ва муҳофизи шахсиаш кушта шуд. Ҳолат ва сабабҳои куштор то ҳол дақиқ муайян карда нашудааст. Пас аз куштори мармуза ва нокушодаи Сафаралӣ Кенҷаев, Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон номзади худро дар интихобот пешбарӣ накард ва аз дигар аҳзоб ва ҷунбишҳо ва ҳамчунин аз интихобкунандагон хостааст, ки ба нишони эътироз интихоботро таҳрим кунанд.

Аз мухолифони расман сабтиномшуда се ҳизб нияти ширкат дар интихоботро эълон карданд: Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби навсозии иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон. Исломгароён яке аз фаъолони ҳизб Давлат Усмонро пешбарӣ карданд, зеро раҳбари онҳо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тасмим гирифт, ки ба номзадҳои ҷавон имкон диҳад. Демократҳо раҳбари хеш — Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва ислоҳталабон дар навбати худ — Мухтор Бобоевро пешбарӣ карданд. Исломгароён дар барномаи худ аз нигоҳ доштани дунявияти маҳдудро (ба истилоҳ демократияи исломӣ) дар Тоҷикистон, бо озодии афкор ва сухан ва озодии эътиқод, вале бо татбиқи як зумра меъёрҳои исломӣ дар ҳаёти кишварро ҷонибдорӣ карданд. Дар сиёсати хориҷӣ таъкид бар равобити наздик бо ҷаҳони ислом, пеш аз ҳама ба Эрон, Афғонистон, Туркия ва Арабистони Саудӣ ва бозгашти тадриҷии забони тоҷикӣ бо хатти арабию форсӣ барои иваз кардани алифбои феълии сириллик пешниҳод мекарданд. Демократҳо тарафдори як давлати дунявии комилҳуқуқи либералӣ-демократӣ бо шакли ҷумҳурии порлумонӣ ва барои муносибатҳои иттифоқӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷаҳони Ғарб, вале нигоҳ доштани муносибатҳои хуб бо ҳамсоягон, пеш аз ҳама бо Ӯзбекистон, Русия, Эрон ва Чин буданд. Ислоҳотхоҳони Ҳизби Таҷдиди иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон низ аз ислоҳоти кишвар ба сӯйи мардумсолорӣ бо нигоҳ доштани дунявият ҳимоят карда, таъкид ба либерализми иқтисодӣ мекарданд.

Бо наздик шудани мӯҳлати бақайдгирии номзадҳо, ҳар се номзади мухолифин аз аҳзоби мухолиф аз монеаҳои бюрократӣ, ки барои ҷамъоварии 145 000 имзои зарурӣ барои иҷоза ба интихобот монеъ мешуданд, шикоят карданд. Дар натиҷа, се ҳафта пеш аз интихоботи президентӣ ягона номзади иҷозаи ширкат варзидан дар интихобот гирифта буд, президенти феълии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби ҳоким Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буд [1] .

Дар натиҷа, танҳо ду номзад ба интихобот роҳ дода шуданд: Президенти феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд ва Давлат Усмон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Чанд соат пеш аз оғози овоздиҳӣ мухолифон эълон карданд, ки интихоботро таҳрим мекунанд. Иштироки интихобкунандагон дар интихобот хеле баланд буда, 98,9 % ташкил дод. Ба гуфтаи Комиссияи марказии интихоботии кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот бо — 97,6 % овозҳо пирӯз шудааст. Давлат Усмон тавонист — 2,1 % овозҳоро гирад. "Бар зидди ҳама" — 0,3 % интихобкунандагон овоз доданд.

Баъди анҷоми интихобот Давлати Усмон мақомоти ҷумҳуриро дар тақаллуби натоиҷи раъйдиҳӣ муттаҳам кард. Ба гуфтаи ӯ, маълумот тибқи анъанаҳои шӯравӣ сохтакорӣ шудааст [2] .

Нозирони хориҷӣ низ аз интихобот интиқод карданд. Онҳо аз мушкилии сабти номи номзадҳо, дастрасии онҳо ба ВАО ва дигар паҳлӯҳои муҳим изҳори норозигӣ карданд [3] .

Натоиҷ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин моҳи майи соли 2000
Номзад Ҳизбҳо Овозҳо %
Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 2 749 908 97.6
Давлат Усмон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 59 857 2.1
"Бар зидди ҳама" 7051 0.3
Овозҳои беэътибор 18.774 -
Ҳамагӣ 2835590 100
Манбаъ: [4]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. World: Asia-Pacific. Tajik elections under threat(англ.). BBC News. 22 июли 2017 санҷида шуд.
  2. World: Asia-Pacific. Tajik opposition denounces presidential election(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). BBC News. 22 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 май 2018.
  3. World: Asia-Pacific. Tajik president wins second term(англ.). BBC News. 22 июли 2017 санҷида шуд.
  4. Dieter Nohlen, Florian Grotz & Christof Hartmann (2001) Elections in Asia: A data handbook, Volume I, p467 ISBN 0-19-924958-X