Интихоботи президентӣ дар ҶШС Тоҷикистон (1990)
1991 → | |||
Интихоботи президентӣ дар ҶШС Тоҷикистон | |||
---|---|---|---|
30 ноябр соли 1990 | |||
Кандидат | Қаҳҳор Маҳкамов | Раҳмон Набиев | |
Партия | Ҳизби Коммунистии ҶШС Тоҷикистон | Ҳизби Коммунистии ҶШС Тоҷикистон | |
Родом из | вилояти Ленинобод | вилояти Ленинобод | |
Голосов | 131 (57,0%) |
89 (38,7%) |
|
| |||
Результат выборов | Қаҳҳор Маҳкамов президенти ҶШС Тоҷикистон интихоб шуд |
Аввалин ва охирин интихоботи президентӣ дар таърихи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 30 ноябри соли 1990, пас аз 9 моҳи интихоботи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон баргузор шуд.
Замина
[вироиш | вироиши манбаъ]25 феврали соли 1990 интихоботи умумихалқии даъвати 12-уми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон барпо гардид, ки дар натиҷаи он аксарияти мутлақи овозҳо — 221 овоз аз 230 овозро аъзои Ҳизби Коммунистии ҶШС Точикистон гирифтанд ва 9 курсӣ ба номзадҳои мустақили мухолифин муяссар гардид, ки дар натиҷаи мубориза ва мубоҳисаҳои пуршиддат, ба порлумони ҷумҳурӣ дохил шаванд. Аз онҳо ҳизби мухолифи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҷунбиши мардумии "Растохез" пуштибонӣ карданд, ки ба далели надоштани сабти номи расмӣ иҷозаи ширкат дар интихоботро надоштанд [1].
Пас аз оғози кори ҳайати нави Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар байни вакилон барои пешбарӣ кардани номзадҳо ба вазифаи раиси Шурой Олӣ мубоҳисаи дуру дарозе ба амал омад. Дар натиҷа ду номзад — котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии ҶШС Тоҷикистон ва амалан роҳбари ҷумҳурӣ — Қаҳҳор Маҳкамов, ки аслан аз вилояти саноатии Ленинобод ва собиқ раиси КМ ҲК Тоҷикистон буд, ва собиқ Раиси президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев, ки дар ҳақиқат намояндаи Помиру Кӯлоб буд, пешбарӣ карда шуданд. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ 162 вакил (71,5%) ба ҷонибдории Маҳкамов ва 60 нафар (28,5%) ба ҷонибдории Паллаев овоз додаанд. Ҳамин тариқ, Қаҳҳор Маҳкамов раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон шуд ва ҳамзамон вазифаи котиби якуми КМ Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистонро дошт [1] .
Моҳи августи соли 1990 фаъолону вакилони демократу озодандеш Ҳизби демократии Тоҷикистонро таъсис доданд, ки бахше аз фаъолони ҷунбиши мардумии «Растохез» ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба он кӯчиданд. Ин се қувваи сиёсӣ мухолифи расмии ҳокимияти коммунистии ҷумҳурӣ гардиданд. Моҳи августи соли 1990 «Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии давлатии ҶШС Тоҷикистон» қабул шуд, ки дар он волоияти Конститутсия ва қонунҳои ҶШС Тоҷикистонро дар тамоми ҷумҳурӣ эълон карда, акту қонунҳои ИҶШС-ро Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон боздошта метавонад. Алоҳида, ҳуқуқи мустаъқилонаи ҷумҳурӣ барои истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани замин, сарватҳои зеризаминии он ва дигар сарватҳои табиӣ таъмин карда шуда, сохиб шудан ба моликияти истисноии халқи ҶШС Тоҷикистон эълон карда шуданд. Қабули эъломия боиси эътироз ва хашму ғазаби баъзе вакилҳои Шурои Олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов гардид. Напазируфтани эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти ҷумҳурӣ, мухолифинро аз ҷумлаи намояндагони Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҷунбиши мардумии «Растохез»-ро ниҳоят дарднок қабул намуда, ба ташкили эътирозу гирдиҳамоиҳои бемӯҳлат шурӯъ намуданд. Бархе аз раҳбарони мухолифин гуруснанишинӣ эълон карданд. Мухолифин ҳамчунин хостори пазируфта шудани анҷумани худ ва сабти расмии аҳзоб шуданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо аҳзоби мухолифин ба гуфтушунид шурӯъ намуда, ба он иҷозат дод, ки анҷуманҳои худро гузаронанд, вале таклифи мухолифинро аз баргузории интихоботи умумихалқии президент қатъиян рад карданд [1] .
Даъвати интихобот
[вироиш | вироиши манбаъ]Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон бо мақсади қонунан донистани Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун сардори давлат моҳи октябри соли 1990 вазифаи президенти ҶШС Тоҷикистонро таъсис дод. 30 ноябри соли 1990 рӯзи интихоботи президент таъин карда шуд. Махсусан дар қонуни қабул карда шуда муқаррар карда шудааст, ки президенти ҶШС Тоҷикистон сарвари ҷумҳурӣ буда, ӯро Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб мекунад. Президент - шаҳрванди ҷумҳурӣ аз миллати тоҷик, ки дар як вақт иҷрокунандаи вазифаи вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон бояд бошад. Қабули қонун эътирози мухолифинро боз ҳам пурзӯр кард, зеро дар асл бидуни овоздиҳии умумихалқӣ пешбарӣ кардани номзаде, ки узви Шӯрои Олӣ нест, тибқи қонун манъ карда шуда буд. Дар баробари ин, ҳамчунин вазифаи ноиби президенти ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд. [1] [2] [3]
Интихобот ва натиҷаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]30 ноябри соли 1990 дар иҷлосияи чоруми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоботи Президенти ҶШС Тоҷикистон барпо гардид. Аъзои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон номзад ба президенти ҷумхурӣ — котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (вокеан сарвари ҷумҳурӣ) — Қаҳҳор Маҳкамов, инчунин вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва собиқ котиби якуми КМ Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1982—1985 Раҳмон Набиевро пешбарӣ намуданд. Ҳарду номзад аз вилояти Ленинобод буданд . Раҳбарони мухолифин ва фаъолони интихобот иҷозаи ширкат дар интихоботро надоштанд, зеро қонун пешбарӣ кардани номзадҳои ғайри аъзои Шӯрои Олиро манъ карда буд.
Мувофиқи натиҷаҳои овоздиҳӣ байни вакилони Шӯрои Олӣ Қаҳҳор Маҳкамов 131 (57,0 фоиз) ва Раҳмон Набиев 89 (38,7 фоиз) овоз гирифтанд, 10 нафар вакилон овоз надоданд. Баъди эълон карда шудани натиҷаҳои овоздиҳӣ Қаҳҳор Маҳкамов расман президенти ҶШС Тоҷикистон интихоб шуд. Дар суханронии ифтитоҳии худ Қаҳҳор Маҳкамов таъкид кард, ки президенти ҷумҳурӣ бояд ҳамчун кафили соҳибихтиёрии сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ баромад кунад [1] .
Баъди интихобот
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарҳол пас аз интихоботи президент қарори Шӯрои Олӣ қабул шуд, ки ҳадафаш саркӯб кардани фаъолияти ҳизбу созмонҳои мамнӯъ, пеш аз ҳама Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Мухолифин иддао карданд, ки Маҳкамов ба таври амалан ба ҳукмронии иқтидоргароӣ шурӯъ кардааст. Моҳи июни соли 1991 Қонун «Дар бораи ҳимояи шаъну шарафи Президенти ҶШС Тоҷикистон» қабул шуд, ки дар он барои таҳқири оммавӣ нисбати президент ва ё туҳмат задани ӯ ҷарима ва то се сол ҷазо пешбинӣ шуда буд. 1 декабри соли 1990 дар бораи ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ҷумҳурӣ Қонун қабул шуд. Тибқи таҳрири нави Конститутсия, президент сарвари ҷумҳурӣ ва дар айни замон роҳбари Девони Вазирон буда, ҳокимияти олии иҷроия ва маъмуриро амалӣ мекард. Вазифаи ноиби президент таъсис ёфт, ки вай бо супориши президент ба Девони Вазирон роҳбарӣ мекунад ва кори онро ташкил мекунад. Шӯрои Олӣ ҳуқуқи бо пешниҳоди Президент тасдиқ намудани ҷонишини президент ва аъзоёни Девони Вазиронро, ки Президент таъин мекунад, нигоҳ медорад. Ба президент ҳуқуқи вето дода шуд, ки бо 31 овози вакилони Шурои Олӣ қабул мегардид. Дар таҳрири нави Конститутсия тартиби вокуниши нобоварӣ ба ҳукумат ва имкони барканор кардани президент аз сӯи порлумон вуҷуд надошт. Танҳо дар сурати нақзи савганд ё Конститутсия президентро аз мақомаш барканор кардан мумкин буд ва танҳо бо ибтикори Шӯрои Олӣ бо раъйи на камтар аз се вакили мардумӣ метавонистанд дар бораи нобоварӣ ба президент тасмим бигиранд. Ҳамин тариқ, ҶШС Тоҷикистон ба ҷумҳурии президентӣ-парламентӣ табдил ёфт [4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Н. А. Борисов. Таджикистан // Президентство на постсоветском пространстве: процессы генезиса и трансформаций. — Москва, 2018. — С. 75—77. — 542 с. — ISBN 978-5-7281-1926-5.
- ↑ Таджикский Ельцин и Таджикский Алиев(пайванди дастнорас — таърих). panorama.ru. 28 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 сентябри 2019.
- ↑ Скончался первый президент Таджикистана Махкамов(пайванди дастнорас — таърих). Интерфакс. 28 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2019.
- ↑ Н. А. Борисов. Таджикистан // Президентство на постсоветском пространстве: процессы генезиса и трансформаций. — Москва, 2018. — С. 75—77. — 542 с. — ISBN 978-5-7281-1926-5.