Ирина Холовна Каримова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ирина Холовна Каримова
Ирина Холовна Каримова
Санаи таваллуд:

9 сентябр 1956(1956-09-09) (62 сол)

Зодгоҳ:

Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

Парчами Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

педагогика

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои педагогика

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Ҷоизаҳо:

Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2013). Медали А. Пушкин (ФР) [1]

Ирина Холовна Каримова - олим, омӯзгор, донишманди маъруф, доктори илмҳои педагогика, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2013). Дорандаи Медали А. Пушкин (ФР) [1]

Зиндагинома[вироиш]

Ирина Холовна Каримова 9 сентябри 1956 дар шаҳри Қурғонтеппа ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, онро бомуваффақият хатм намуд. Каримова И.Х. оғози фаъолияти меҳнатии худро ба сифати муаллимаи забон ва адабиёти рус дар мактаби тањсилоти умумии №81-и ноҳияи Рӯдакӣ оѓоз намуда, тайи солҳои 1978-1992 аз вазифаи муаллими синфҳои ибтидоӣ, муовини директор то ба сарвари мактаби таҳсилоти умумии номбурда ифои вазифа намудааст. Аз соли 1992 то 1998 дар кафедраи педагогика ва психология ба сифати омӯзгор фаъолият намуд. Соли 1998 Ирина Холовна фаъолияташро дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон идома медиҳад. Муҳити хуби илмию таҷрибавӣ ва шавқу рағбати беандоза ба омӯзиши дастовардњои илмии олимони ватанию хориҷӣ роҷеъ ба илми педагогика ӯро ба таҳқиқу баррасии рисолаи докторӣ ҳидоят намуд, дар мавзӯи «Тарбияи инсондӯстӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Ирина Холовна баъди ҳамаи муваффақиятҳо ором намеистод, бо ташаббуси ӯ дар назди донишгоҳ «Литсей» ташкил ёфт. Соли 2005 ӯро ба вазифаи муовини вазири маориф таъин карданд. Ноябри соли 2008 Ирина Каримова ба вазифаи президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъин гардид. Ба сифати президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба кор шуруъ намудани профессор Каримова И.Х. дар академия як навъ рузи дигар гирифтани фаъолият ва ё худ самтҳои кори кормандони илмии он дақиқтар гардида, вобаста ба масъалаҳои мубрами таълиму тарбия, таҳлили конференсияҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, семинару мизҳои мудаввар ба ҳукми анъана дароварда шуд. Академик Ирина Каримова тӯли фаъолияти президентиаш дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон чандин маротиба дар сафарҳои хизматӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ буда, дар конференсияву съездҳои муаллимони давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) ширкат варзида, аз минбари чунин ҷамъомадҳои бошукӯҳ ҳамчун донандаи закии кори маориф маърӯзаҳои пурумуҳтаво намуда, баҳри дар оянда беҳтар гардонидани низоми таълиму тарбияи муҳассилини чӣ мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва чӣ мактабҳои олӣ пешниҳодҳои ҷолиб намудааст. Барои тарғиби забони русӣ дар Тоҷикистон шоистаи медали А. Пушкин (Русия) гардидааст.[1] Аз соли 2015 ба ҳайси ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият карда истодааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Самти бо ҳам назарраси фаъолияти академик Каримова И.Х. ин аст, ки ӯ омода намудани матухасисони баландихтисоси соҳаи педагогикаи тоҷик ба шумор меравад. Дар ин ҷода низ хизмати пурзаҳматаш баръало эҳсос карда мешавад. Таҳти роҳбарии Ирина Каримова 18 нафар унвонҷӯёну аспирантон рисолаи номзадї ҳимоя намудаанд. Академик Каримова И.Х. дар офаринаш асарҳои пурарзиши соҳаи педагогика лаёќати баланд дорад. Ба қалами ӯ ду китоби дарсӣ, 3 монография ва беш аз 100 мақолаи илмӣ мансуб буда, иштирокдори даҳҳо семинару конфронсҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ дар соҳаи маориф мебошад.

Осор[вироиш]

  1. Организация практических занятий с директорами образовательных школ. Методические рекомендации. – Душанбе: ДГПУ,1994
  2. Проблемные задачи для руководителей школ.- Душанбе:ДГПУ,1994
  3. Культура – источник гуманизма.Монография.- Душанбе:1998
  4. Гуманистические воззрения средневековых мыслителей таджикского народа: воспитательный потенциал и трансвормация в современную жизнь.-Душанбе, 2000
  5. На волнах любви к человеку. Монография. - Душанбе,2002
  6. Нести добро детям.Монография. - Душанбе, 2005
  7. Педагогика (курс лекций). Учебное пособие в соавтортсве. – Душанбе, 2008.-284 с.
  8. Учитель- творец добра и прогресса. Монография. - Душанбе, 2008.- 180 с.
  9. Рангинкамон.Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони сини то мактабї (Роҳбари гурӯҳ). - Душанбе,2013 - 126 с.
  10. Педагогикаи ибтикорӣ (Иновационная педагогика) Монография. - Душанбе;«Ирфон», 2013. - 544 с (бо хаммуалифӣ).[2]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. 1.0 1.1 1.2 [1]
  2. Ирина Холовна Каримова