Иртиботи оммавӣ
Иртиботи оммавӣ (аз анг. mass communication) – тавсифот:
1) ҷараёни пахши иттилооти иҷтимоӣ тавассути воситаҳои техникӣ (матбуот, радио, ТВ, кино, Интернет, сабтҳои овозӣ ва наворӣ) ба аудитория, ки мақсадаш расонидани таъсири ғоявӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва ташкилӣ ба фаҳмиш, фикр ва ахлоқи одамон аст;
2) ҷараёни иттилоотии дуҷонибаи интерактивӣ байни субъектҳои иртибот , ки бо мақсади пахши иттилооти аҳамияти ҷамъиятӣ дошта (доир ба факт, ҳодиса, арзишҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ) тавассути воситаҳои гуногуни техникӣ ба аудиторияи оммавӣ равона мешавад. Иртиботи оммавии доираи нисбатан маҳдуд метавонад дар намоишҳо, гирдиҳамоиҳо, чорабиниҳо, конференсияҳои матбуотӣ сурат гирад.
Ин раванд дорои 5 нишонаи асосӣ мебошад:
- оммавияти аудитория;
- гуногунтаркибии аудитория;
- истифодаи воситаҳои алоқаву иттилооти баландсуръат ва зудпаҳншаванда;
- паҳни босуръати иттилоот;
- арзиши истеъмолии нисбатан пасти иттилоот.
Шарти асосии ҷараёнгирии иртиботи оммавӣ имконоти харидорӣ, вақту соати фароғат, талаботи истеъмолӣ ва фаъолмандии мардум мебошад. Бо инкишофи матбуот, радио, кино, телевизион, интернет ва системаи алоқаи моҳвораӣ иртибот комилан хусусияти оммавӣ пайдо кард. [1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С.106. ISBN-978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |