Искандаршоҳ Раҳматуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Искандаршоҳ Раҳматуллоев
Иттилоъоти инфиродӣ
Кишвар  СССР
 Тоҷикистон
Тахассус кӯштӣ, куштии миллӣ
Зодгоҳ Равнов, Қалъаи Хумб
Таърихи даргузашт 14 июн 1993(1993-06-14)
Маҳалли даргузашт Кӯлоб, Тоҷикистон

Искандаршоҳ Раҳматуллоев (5 ноябри 1919, деҳаи Равнов, ноҳияи Қалъаи Хумб — 14 июни 1993, Кӯлоб) — куштигири тоҷик, муаллифи «ҳалуки искандарӣ». Устоди варзиши ҶШС Тоҷикистон (1970), Мураббии хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1976).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Искандаршоҳ дар торихи 5 ноябри 1919 дар деҳаи Равнови ноҳияи Қалъаи Хумб дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ аз синни 6-солагӣ зери назари устоди аввалинаш Давлат-паҳлавон ба машқу тамрин пардохта, баъдан худ ба дараҷаи устодӣ расид.

Искандаршоҳ аз соли 1931 то соли 1951 дар деҳаи Шайкамонии ноҳияи Шӯрообод ба деҳқонону боғдорӣ машғул буд ва дар тӯю маъракаҳои минтақаю водӣ майдондорӣ мекард. Аз соли 1951 ба шаҳри Кӯлоб кучида, узви дастаи яккачини куштигирони шаҳр ва баъдан узви мунтахаби ҶШС Тоҷикистон мешавад.

Ӯ ба ҷӯз куштигирӣ ҳунарҳои дигар аз кабили наққошию бинокорӣ ва навозандагӣ дар созҳои мухталифи миллиро низ ба худ касб карда буд.

Ифтихорот[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Қаҳрамони Спартакиадаи Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (1951, 1952, 1957),
  • Барандаи ду медали тилои мусобиқаҳои умумииттифоқӣ
  • Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон.

Дар солҳои қабл рақобати паҳлавонон аз рӯи вазн сурат намегирифт, варзишкорон бо розигии тарафайн (новобаста аз вазн) ба майдон баромада, сабқат бо ҳам дасту панҷа нарм мекарданд. Раҳматуллоев, ки ҳамагӣ 65 кило вазн дошт, бо паҳлавонони 70, 80 ва то 100 кило аз ҷумҳурӣ ва кишварҳои Қазоқистону Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ҷамоҳири Қафқоз куштӣ гирифта, ҳамеша дастболо мегардид.

Искандаршоҳ аз аввали соли 1960 сардовар ва мураббии тимҳои куштии миллии тоҷикӣ дар вилояти Кӯлоб ва устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Институти давлатии педагогии Кӯлоб таъйин шуда, дар ин росто хидмати беназирро анҷом додааст.

Шогирдон[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ ягона паҳлавон ва устоди варзишгарон аст, ки унвони «Устоди устодон»-ро ба дурустӣ соҳиб гардида буд. Устод Раҳматуллоев шогирдони зиёд, аз ҷумла нахустин қаҳрамони ҷаҳон Сайидӯъмин Раҳимов ва қаҳрамонҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон Мирзоватан Ҳасаналиев, Алӣ Хонов, Шеравлиё Мирзоавлиёев, А. Абдуллоев, С. Нуралиев, Бозор Қурбонов ва бисёр дигаронро тарбия кардааст.

Ҳалуки искандарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Искандаршоҳ Раҳматуллоев гунае аз ҳалукро кашф намуда, онро чунон моҳирона ва чолокона иҷро мекард, ки дар байни мардум ба «ҳалуки искандарӣ» маълуму машҳур аст[1].

Унвону ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Устоди варзиши ҶШС Тоҷикистон,
  • Мураббии хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1976),

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Искандаршоҳ Раҳматуллоев 14 июни соли 1993 дар синни 74-солагӣ дар шаҳри Кӯлоб даргузашт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Мӯъмин Аҳмадӣ. Таъсиси Фонди «Искандаршоҳ» дар Кӯлоб(тоҷ.), Радиои Озодӣ (21 июни 2011). Проверено 14 марти 2023.