Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Исломқул Икромов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исломқул Икромов
Таърихи таваллуд 26 августи 1958(1958-08-26) (68 сол)
Зодгоҳ Н.Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Дараҷаи илмӣ: д.и.техникӣ проффесор

Исломқул Икромов Исматович (26.8.1958, н. Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) — муҳандис-ҳидротехники тоҷик, д. и. техникӣ (2006).

Соли 1981 Институти давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур)-ро хатм карда, дар ҳамон ҷо ба ҳайси ёвар (ассистент), муаллими калон, дотсенти кафедраи иншооти ҳидротехникӣ, мудири кафедраи сохтмони иншооти ҳидротехникӣ, муовини декани факултаи ҳидромелиоративӣ кор кардааст. Солҳои 2000–2003 коршиноси Маркази дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2000-2007 мушовири Маркази касбии кам кардани зарари офатҳои табиии Агентии Швейсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон буд. Аз соли 2007 профессор кафедраи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замини ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур. Дар соҳаи омӯзиши системаҳои обёрии чакрагӣ дар нишебзаминҳо, техника ва технологияи обёрӣ ба заминҳои кишт, баланд бардоштани эътимоднокии системаҳои обёрии чакрагӣ зиёда аз шаст асару мақолаи илмӣ навиштааст ва соҳиби панҷ ихтироъ мебошад.