Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ислом Саломов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ислом Саломов
Ном ба ҳангоми таваллуд: Ислом Саломов
Зодгоҳ: деҳаи Камодон, ноҳияи Мастчоҳ, РСС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  ҶШС Тоҷикистон Иттиҳоди Шӯравӣ
Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Корнома: 1964 — 2018
Ҷоизаҳо: Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1974)

Ислом Саломов (1 июни 1940, деҳаи Камодон, ноҳияи Масчо — 10 майи 2018, Хуҷанд) — ҳунарпеша ва коргардони театру синамо, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1974). Бунёдгузор ва саркоргардони Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ислом Саломов 1 июни соли 1940 дар деҳаи Камодони ноҳияи Масчо таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи осиёимиёнагии театр ва кино дар шаҳри Тошканд ва давраи дусолаи омӯзишӣ дар театри шаҳри Маскав мебошад.

Мавсуф 47 сол ба ҳайси саркоргардони Театри мазҳакаи мусиқии Камоли Хуҷандӣ ва Театри давлатии ҷавонон фаъолият намудааст.

Соли 1998 Театри тамошобини наврас (ҳозира Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров) - ро дар шаҳри Хуҷанд таъсис дод.

То охири умр вазифаи саркоргардони Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷандро бар зимма дошт.

Ҳамсараш Сайрам Исоева духтараш Саодат Саломова ва писараш Баҳодур мебошад.

Ислом Саломов 10 майи соли 2018 дар синни 78-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд бар асари бемории тӯлонӣ даргузашт[1].

  • Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1974).
  1. Ислом Саломов даргузашт. Pressa.tj. 13 май 2026 санҷида шуд.
  • Саломов Ислом / Ҳ. Аскар // Сақофӣ — Ховалинг. Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).