Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Исматбегим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исматбегим
Навъи фаъолият: шоир

Исматбегим (форсӣ: عصمت بیگم‎), мутахаллис ба Рашаҳот (форсӣ: رشحات‎; қарни XVII) — шоираи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш деҳаи Ҳотифи Кошон. Бино бар маълумоти «Тазокиру-л-хавотин»-и Мир Маҳдӣ, Исматбегим аз занони саййида, босаводу соҳибтабъ буда, девони ашъор доштааст, ки беш аз 3 ҳазор байтро дар бар мегирифт. Дар эҷодиёти Исматбегим шикоят аз замона ва васфи ишқ мавқеи бузург доранд.

Намунае аз мероси ӯ:

Он бути гулчеҳра, ё Раб, баста аз сунбул ниқоб,
Ё ки пинҳон кард афсун дар дили шаб офтоб.

Метапад аз шавқ дил дар синаам, ҳамчун ки боз
Тири дилдоре ба дил з-абрукамонам мерасад.