Исмоили Ҷазарӣ
Исмоили Ҷазарӣ | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 1164[1][2] |
| Зодгоҳ |
|
| Таърихи даргузашт | 1206[1][2] |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | олим[d], худкора[d][3] ва мошинсозӣ |
Абулъиз ибни Исмоил ибни Раззози Ҷазарӣ (ар. أَبُو اَلْعِزِ بْنُ إسْماعِيلِ بْنُ الرِّزاز الجزري), маъруф ба ал-Ҷазарӣ (ар. الجزري; 1164[1][2], Ҷазира[d] — 1206[1][2], Туркия) — механик ва ихтироъкор, риёзидон, ахтаршинос аз наҳзати исломии давлати Оли Артуқ. Соли 1206 ӯ рисолаи «Китоб фӣ маърифати-л-ҳияли-л-ҳандасия» (Китоби донистаниҳое дар робита бо механизмҳои ҳӯшманд)-ро навишт, ки дар он тарҳи тақрибан 50 механизм, аз ҷумла соат, қуфлҳои рамзӣ ва роботҳо тасвир шудааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бештари маълумот дар бораи Ҷазарӣ аз рисолаи худи ӯ ба мо расидааст. Номи олим аз номи минтақаи Ал-Ҷазира, ки дар Байнаннаҳрайн ҷойгир аст, сарчашма мегирад. Ӯ мисли падараш дар замони Оли Артуқ ба ҳайси сармуҳандис дар қароргоҳи Диёрбакр хидмат кардааст.[4] Ӯ ҳамчун ихтироъкори механизмҳои аҷиб шуҳрат пайдо кард, аммо «таваҷҷуҳи ӯ нисбат ба ҳунармандӣ бештар аз самти фанноварии кор буд» ва кори ӯ «бар таҷриба ва хатоҳо асос ёфтааст, на ба ҳисоби назарӣ.»
Нигористон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷазарӣ худ барои китобаш мусаввараҳои рангоранг сохт, ва дар онҳо намуди ихтироъотро тасвир ё тарзи фаъолияти онҳоро шарҳ дод.
- Намудори механизми оббардор аз китоби Ҷазарӣ
- Соати филӣ
- Соати қалъаӣ
- Соати шамъӣ
- Навозандагони механикӣ
- Тавзеҳи худкораи руимизӣ
- Мошини ҷомашӯии дастӣ
- Насоси занҷирӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 https://www.artsy.net/artist/ismail-al-jazari — 2009.
- 1 2 3 4 MAK (лаҳ.)
- ↑ «Часы со слоном», страница из Книги о необычных механических приспособлениях — 1315.
- ↑ Хилл Д. Р. Engineering in the Medieval Near East(пайванди дастнорас). Scientific American, май 1991, стр. 64-9.