Исмоили Ҷурҷонӣ
форсӣ: اسماعیل گرگانی | |
Таърихи таваллуд | 1040[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1136[1] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | пизишкӣ |
![]() |
Исмоили Ҷурҷонӣ (форсӣ: اسماعیل جرجانی, Абӯиброҳим Исмоил ибни Ҳасан ал-Ҳусайнӣ ал-Ҷурҷонӣ; 1045 — 1137) — олими намоёни соҳаи тиб.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Аслан аз Исфаҳон буда, дар дарбори султонҳои Хоразм ҳамчун табиб ва мутахассиси илми тиб хидмат мекард.
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
Исмоили Ҷурҷонӣ доир ба бахшҳои мухталифи тиб бисёр асарҳои муфид навиштааст. Асари машҳури ӯ «Захираи Хоразмшоҳӣ» як навъ қомуси тиббӣ буда, ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф ёфтааст. Исмоили Ҷурҷонӣ ғайр аз китоби мазкур ба забони форсӣ-тоҷикӣ асарҳои дигар низ дорад, чунончи «Ағрози тиббия», «Ал-Мабоҳис-ал-Алоия» ва ғ. Ба забони арабӣ низ асарҳо эҷод менамуд. Худи муаллиф «Захираи Хоразмшоҳӣ»-ро ба забони арабӣ бо иловаи як боб тарҷума кардааст. Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки Исмоили Ҷурҷонӣ ин асари машҳури худро маҳз барои беҳтар кардани аҳволи мардуми вилояти Хоразм (ва умуман Осиёи Марказӣ) таълиф карда, ба хотири манфиати умум онро ба забони ба халқ дастраси тоҷикӣ навиштааст. ӯ инчунин дар паи эҷоди асари бештар мукаммали тиббӣ буд, ки эҳтиёҷ ба рисолаю китобҳои дигари тиб набошад.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Ҳикмати асрҳо, Д., 1975;
- Ю. Исҳоқӣ, Я. Тоҷиев, Таърихи мухтасари тибби тоҷик, Д., 1993.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |