Исмоил Абдуллоев (Исмоил Пирмуҳаммадзода)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Исмоил Абдуллоев (Исмоил Пирмуҳаммадзода)
Исмоил Абдуллоев (Исмоил Пирмуҳаммадзода)
Навъи фаъолият:

имом-хатиб

Санаи таваллуд:

1 июли 1952

Зодгоҳ:

ноҳияи Сарихосор

Исмоил Абдуллоев (ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода) - наттоқ ва ровии моҳир, имом-хатиб. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008) , барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012), дорандаи медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012), унвони «Падидаи сол» (2010)

Зиндагинома[вироиш]

Исмоил Пирмуҳаммадзода 1 июли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соҳиби таҳсилоти олист, Исмоил Пирмуҳаммадзода наттоқ ва ровии моҳир буда, садои шевои гӯшнавозаш дар хазинаи тиллоии радио сабт ёфтааст, дар радиои ҷумҳурӣ дар хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ», «Осори Мирзо Бедил», «Осори устод Рӯдакӣ», «Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз» наттоқӣ кардааст. Исмоил Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 имом-хатиби Маcҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад мебошад. Исмоил Пирмуҳаммадзода маслиҳатгар ва раҳнамои мардум аст, суханонашро бо аҳодис ва абёти бузургон тақвият бахшида, шунавандагонро ба хушсуханиву накӯкорӣ даъват мекунад. Исмоил Пирмуҳаммадзода ба асппарварӣ ва варзиши аспдавонӣ мухлис аст. 21.03.2009 аспи сиёҳмушкинаш дар мусобиқаи аспдавонии ш. Душанбе соҳиби «Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуд.

Мукофот[вироиш]

  • Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008) ,
  • барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010),
  • Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012),
  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012),
  • дорандаи медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012),
  • унвони «Падидаи сол» (2010) мебошад.[1]

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 78