Исмоил Умар Ҷелиҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Исмоил Умар Гелле)
Исмоил Умар Ҷелиҳ
ар. إسماعيل عمر جيله
аз 8 майи 1999
Пешгузашта Ҳасан Гулед Оптидун

Таваллуд 27 ноябр 1947(1947-11-27)[1][2] (76 сол)
Ҳамсар Kadra Mahamoud Haid[d]
Ҳизб
Эътиқод суннӣ
Ҷоизаҳо
Padma Vibhushan
 Парвандаҳо дар Викианбор

Исмоил Умар Ҷелиҳ (фр. Ismaïl Omar Guelleh, сумол. Ismaaciil Cumar Geelle, ар. اسماعيل عُمر جليه‎, зод. 27 ноябри 1946, Дир Дирава, Эфиопия) — дуввумин президенти Ҷибутӣ аз 8 майи 1999.

Зиндагинома ва фаъолияти президентӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Оилаи ӯ дар солҳои 1960 аз Эфиопия ба Ҷибутӣ кӯчид. Намояндаи мардуми Иссо. Вай дар полис хидмат кардааст, пас аз он ки Ҷибутӣ дар соли 1977 истиқлол ба даст овард, сардори хадамоти махфӣ таъйин шуд. Дар моҳи апрели соли 1999 номзадии ӯ ба ҳайси ҷонишини Ҳасан Гулед Оптидун ба президентӣ пешбарӣ карда шуд ва Ҷелиҳ 73 % овозҳоро гирифт. Дуввумин президенти Ҷибутӣ аз 8 майи соли 1999 ба кор шурӯъ намуд.

Дар моҳи декабри соли 2000, ӯ сардори бонуфузи полис Ёсин Яберо аз мақом барканор кард ва кӯшиши ошӯби нерӯҳои полисро саркӯб кард. Ябе ба муҳлати дароз аз озодӣ маҳрум карда шуд [3].

Исмоил Умар Ҷелиҳ дар соли 2005 дубора президент интихоб шуд, дар сурати набудани номзадҳои дигар, вай 100%-ро гирифт. Пас аз интихоби дубора, ӯ борҳо эълом дошт, ки нияти интихоб шудан ба давраи ояндаро надорад, аммо дар интихоботҳои президенти кишвар, ҳам дар соли 2011 ва ҳам дар соли 2016 ширкат варзид [3].

Тибқи сарқонуни кишвар, иҷозат дода шуд, ки барои 2 мӯҳлат номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ карда шавад, аммо дар соли 2010 Исмоил Ҷелиҳ Маҷлиси миллии Ҷибутиро маҷбур кард, ки ба конститутсияи кишвар тағйирот ворид кунад, то ба ӯ барои бори сеюм номзад шудан имкон диҳад. Ин боиси эътирозҳои калон аз соли 2010 гардид, ба мисли ҷунбиши бузурги демократӣ дар кишварҳои арабӣ. Эътирозҳо зуд саркӯб карда шуданд. Ҳизбҳои мухолифин дар интихобот иштирок накарданд, зеро танҳо як номзади номаълум бар зидди президенти амалкунанда дар бюллетени интихоботӣ пешбарӣ карда шуд. Дар интихоботи навбатии соли 2011, Исмоил Ҷелиҳ нисбат ба номзадҳои дигар беш аз 80%-и овозҳоро ба даст овард. Дидбони ҳуқуқи башар "Human Rights Watch" тасмим гирифт, ки интихобот одилона набуд, зеро пешвоёни ҳизбҳои мухолифин пеш аз овоздиҳӣ зиндонӣ шуда буданд. Дар баҳори соли 2016 дар интихоботи навбатӣ [4] Исмоил Ҷелиҳ беш аз 85%-и овозҳоро ба даст овард ва боз дар ин мақоми давлатӣ монд [5].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]