Исмҳои ҷинс ва хос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Исмҳо ба ду гурӯҳ: исмҳои ҷинс ва хос ҷудо мешаванд.

  • Исмҳои ҷинс - номи умумии ашёи ҳамҷинс буда, ба кадом гурӯҳ мансуб будани онҳоро далолат мекунад: одам, гул, кӯл, дарё, шаҳр, расм ва ғайра.
  • Исмҳои хос - ба шахс, ашё ва ҳодисаю воқеаҳои алоҳида мансубанд, онҳо барои аз ашёи ҳамҷинсашон фарқ кунондан истифода мешаванд. Номи умумии Сир, Зарафшон, Вахш ва ғайра дарё аст, вале ба онҳо номҳои алоҳида гузоштаанд, ки онро исми хос меноманд. Ба ҳамин тариқ, шаҳр исми ҷинс, аммо Москва, Душанбе, Хуҷанд, Самарӄанд исмҳои хос, инсон исми ҷинс, вале Зафар, Комрон, Ширин, Зебо исмҳои хос мебошанд.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 356с.