Исо Раҳим
Исо Раҳим | |
|---|---|
| Таваллуд | деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
| Даргузашт | ноҳияи Рӯдакӣ, Тоҷикистон |
| табаият |
|
| Навъи фаъолият | шоир, рӯзноманигор |
| Забони осор | тоҷикӣ |
Исо Раҳим (2 майи 1940[1], деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод — 13 майи 2015, ноҳияи Рӯдакӣ) — шоир[2], рӯзноманигор ва публисисти тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Исо Раҳим 2 майи соли 1940 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Солҳои зиёд дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва «Ҷумҳурият» кор кардааст. Маҷмӯаҳои ашъораш таҳти унвони «Набзи роҳ» (2004), «Шарқи озод», «Шири борон» (2004), «Хандаи ишқ» (2010) ба табъ расидаанд. Исо Раҳим дар шоирӣ сабку услуби хоси худро дорад. Шеърҳояш дилчаспу салис ва равонанд[2].
Дар зарфи бештар аз 40 соли фаъолияти рӯзноманигорӣ дар рӯзномаҳо, ба хусус «Тоҷикистони советӣ» зиёда аз ҳазор мақолаву очерк ва фелетонҳо навиштааст[3].
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Исо Раҳим 13 майи 2015 дар 75-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт[3].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии матбуоти Тоҷикистон;
- Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Исо Раҳим. Хандаи ишқ (маҷмӯаи шеърҳо)[4]. — Д. : «Адиб», 2010, 128 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Тақвими моҳ. Майи соли 2025. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (26 май 2025). 31 Декабри 2025 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 Файзобод. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4
- ↑ 3.0 3.1 Даргузашти Исо Раҳим - журналист ва публисисти тоҷик(тоҷ.), Радиои Озодӣ (13 май 2015). Проверено 31 Декабри 2025.
- ↑ Исо Раҳим. Хандаи ишқ. zarowadk.ru. 31 Декабри 2025 санҷида шуд.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Файзобод
- Даргузаштагони ноҳияи Рӯдакӣ
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони асри XX
- Шоирони асри XXI
- Шоирони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорони асри XX
- Рӯзноманигорони асри XXI
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Адибон аз рӯи алифбо
- Кормандони шоистаи Тоҷикистон