Исроил Исмоилович Исмоилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Исроил Исмоилович Исмоилов
Исроил Исмоилович Исмоилов
Санаи таваллуд:

14 июн 1925(1925-06-14)

Зодгоҳ:

ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Санаи марг:

1 июн 2010(2010-06-01) (84 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

педагогика

Ҷойҳои кор:

кумитаи комсомоли ноҳияи Панҷакент, шӯъбаи мактабҳо ва пионерони КМ ИЛК-и Тоҷикистон, комиҷроияи ноҳияи Душанбе (ҳоло И. Сомонӣ), шӯъбаи маорифи ноҳияи Душанбе,

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои педагогика

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Панҷакент, Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Ҷоизаҳо:

Корманди шоистаи Тоҷикистон,«Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии мактабҳои олии ИҶШС»

Исроил Исмоилович Исмоилов (тав. 14.06.1925, деҳаи Ғарибаки ноҳияи Панҷакент – ваф. 01.06.2010, ш. Душанбе), омӯзгори маъруфи тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ (1968), профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1937–1943 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Панҷакент таҳсил карда, онро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 1943–1945 ҳамчун муаллими мактаби миёна, мудири қисми таълимии мактаб, табелчӣ ва котиби ташкилоти комсомолии колхози «1-май»-и ноҳияи Панҷакент кор кардааст. Соли 1945 вазифаи котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳияи Панҷакентро ба ӯҳда дошт. Соли 1945 вакили анҷумани VI-уми комсомоли Тоҷикистон интихоб шуда, ин ваколатро дар анҷуманҳои VIII, IX, ва X-и комсомолии Тоҷикистон идома медиҳад. Солҳои 1947–1949 шунавандаи мактаби марказии комсомолии назди КМ ВЛКСМ буд. Солҳои 1949– 1953 дар вазифаи муовини мудири шӯъбаи мактабҳо ва пионерони КМ ИЛК-и Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1953–1954 вазифаи инспектори шӯъбаи маорифи ш. Сталинобод, 1954–1956 раиси Иттифоқҳои касабаи коркунони маорифи ш. Сталинобод, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи марказии ш. Сталинобод, муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Душанбе (ҳоло И. Сомонӣ), мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Душанберо ба ӯҳда дошт. Соли 1955 чун эстернат Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1957–1960 дар аспирантураи донишкадаи номбурда таҳсил намудааст. Солҳои 1960– 1972 ҳамчун муаллими калон, 1972–1993 дотсент ва аз соли 1993 профессори кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Ӯ инчунин дар вазифаи мудири кафедраи назария ва услуби корҳои комсомолӣ ва пионерӣ, муовини ректори донишкадаи омӯзгори оид ба шӯъбаи шабона кор кардааст. Муаллифи 53 номгӯи китобҳои гуногунҳаҷм ва зиёда аз 400 мақолаҳои илмиву оммавӣ мебошад. Барои хизматҳояш бо 66 мукофотҳо сарфароз шудааст, ки 10-тои он давлатӣ мебошанд. Соли 1985 ҳамчун иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди Байрақи Ғалаба дар ш. Москва расм гирифтааст.

Мукофот[вироиш]

Бо ифтихорномаҳои фахрии ЮНЕСКО, нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии мактабҳои олии ИҶШС» қадрдонӣ карда шудааст.

Осор[вироиш]

  • Пионери Таджикистана 30-х годов, Д., 1967;
  • Комсомол ва мактаб, Д., 1973;
  • Пионерия Таджикистана, Д., 1985;
  • Дастур оиди Панҷикенти қадим, Д., 1994;
  • Ғарибаки ман, Д., 2006;
  • Саргузашти сағираи ғарибакӣ, Д., 2007;
  • Саргузашти суғдидухтар, Д., 2006;
  • Баъзе ақидаҳои фалсафӣ ва тарбиявии дини Ислом, Д., 2006.

Пайвандҳои беруна[вироиш]