Исроил Файзиддинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Исроил Файзиддинов
Исроил Файзиддинов
Ном ба ҳангоми таваллуд

Исроил

Санаи таваллуд

2 октябр 1965(1965-10-02) (54 сол)

Зодгоҳ

ноҳияи Исфара

Касб(ҳо)

навозанда,овозхон

Исроил Файзиддинов (тав. 2 октябри 1965, деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара), овозхон, Аълочии фарҳанги ҶТ (1987).[1]) Аз овони ҷавонӣ ба санъат шавку хаваси зиёде дошт. Аз устодон Барно Исҳоқова, Алиxон Солиев, Ҷӯрабек Муродов, Алмос Абдуллоев, Мирзоқурбон Солеҳов, Муродxон Йулбарсов, Исмонxон Юсупов, Додохон Темуров сабақ омӯхт ва сирру асрори олами мусиқиро аз бар намуд. Омӯзгори шуъбаи мусиқии ДХЗТ ва овозхони ансамбли шашмақомхонҳои Кумитаи радио ва телевизион (1987-1992) ва аз соли 1992 овозхон, роҳбари бадеии ансамбли «Шашамақом»-и ш. Исфара. Иштирокчии фестивали дӯстии ҷавонон дар Олмон (1987), симпозиумҳои байналхалқии шашмақомхонон дар Самарқанд (1987), Исфара (1990, 2003). Муаллифи қариб 60 суруд, аз ҷумла «Дарди миллат», «Арусбиёрон», «Вовайло», «Падарам», «Тоҷикистон», «Ният», «Модари ҷон», «Ояд ҳаме», «Сомони ман». Сабти зиёда аз 30 сурудаш дар фонди тиллоии радио маҳфузанд. Дорандаи Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи “Шоҳроҳи Ваҳдат” мебошад.[2]

Инчунин нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]