Забони қонун
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Истилоҳи ҳуқуқӣ)
Забони қонун — яке аз унсурҳои техникаи қонунгузорӣ буда, маҳз ба василаи он иродаи қонунгузор шаклбандӣ мешавад. Асоси забони қонунро истилоҳоти ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд, ки бо кумаки онҳо мафҳуми муайян дақиқ ифода меёбад. Истилоҳҳои ҳуқуқӣ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:
- истилоҳҳои умумиистифодашавандаи забони адабӣ;
- истилоҳҳои махсуси ҳуқуқӣ;
- истилоҳҳои махсуси ғайриҳуқуқӣ.
Истилоҳи ҳуқуқӣ ба талаботи зерин бояд ҷавобгӯ бошад: ин ё он мафҳумро дақиқ ифода намояд; ҳар гуна духӯрагиро истисно кунад; кӯтоҳ, аниқ ва осонфаҳм бошад. Забони қонун бояд ҳар гуна тобиши эҳсосотиро истисно намояд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 163
| Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |