Истихора

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Намози истихора (ар. صلاة الاستخارة‎ — Намози талаби хайр) — он вақте аст, ки бандаи мусалмон иродаи коре намояд, аз Худованди мутаъол хайри онро талаб намояд ва барои равшан шудани ҷанбаҳои мусбат ва уфуқҳои оғоз кардани он дар дилаш ба даргоҳи Парвардигори маннон дуъо намояд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Истихора дар луғат ба маънои талаби хайр, некуӣ ҷустан, хостани беҳтарини ду амр ва талаби некӣ кардан аз Худо аст. Намози истихора таркиби изофӣ ва он намозе аст ду ракъат барои талаби рӯшан шудани ваҷҳи хайри коре аз Худо. Истихора дар корҳое, ки вуҷуди онҳо нодир ва ҳусулашон барои шахс муҳим аст, анҷом дода мешавад, ба монанди сафар, иморат, тиҷорат, никоҳ ва умуре бо арзиш, ки анҷом додани он барои банда мубоҳ буда ва дар хайрият ва шаррияти он тардид ва тараддуд (дудилагӣ) дошта бошад, на дар корҳои барои инсон муқаррарӣ, ба монанди хӯрдан, хобидан ва корҳои дигаре, ки маъмулан аз рӯи одат анҷом дода мешаванд.

Тарзи гузоридани намози истихора[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамин чашмдӯзии банда ба хайри кори қасднамудааш ва ба ҳамин оҳанг дуъо намудани ӯро истихора мегӯянд. Дар суханони паёмбари акрам (с) ба ин амр зиёд тавсия шудааст. Тарзи гузоридани намози истихора ин аст, ки аввал ду ракъат намози нафл бихонад.

Дуъои истихора[вироиш | вироиши манбаъ]

Вақте намози истихораро хонд, он гоҳ рӯи дили худро ба сӯи Парвардигор намуда, ин дуъоро бихонад:

«Аллоҳумма, иннӣ астахирука биъилмика ва астақдирука биқудратика ва асъалука мин фазлика-л-ъазим. Фаиннака тақдиру ва ло ақдир ва таъламу ва ло аълам ва анта ъаллому-л-ғуйюб» . Аллоҳумма, ин кунта таъламу анна ҳоза-л-амра хайрун лӣ фӣ динӣ ва маошӣ ва ъоқибати амрӣ, фақдурҳу лӣ ва яссирҳу лӣ, сумма борик лӣ фиҳӣ ва ин кунта таъламу анна ҳоза-л-амра шаррун лӣ фӣ динӣ ва маъошӣ ва ъоқибати амрӣ, фасрифҳу ъаннӣ васрифнӣ ъанҳу вақдур лия-л-хайра ҳайсу кона, сумма арзинӣ биҳӣ».

Аз Ҷобир (р) ривоят шуда, ки расули Худо (с) истихора дар тамоми корҳоро, ба мо меомӯхт, чунон ки сурае аз Қуръонро ва мефармуд: Ҳар гоҳ касе аз шуморо амре муҳим пеш ояд/ ё қасди коре кунад, пас ду ракъат намоз ғайри намози фариза бигузорад, он гоҳ ин дуъоро бихонад!:

«Худоё! Ман ба илми Ту аз Ту талаби хайр мекунам ва ба қудрати Ту аз Ту талаби қудрат ва тавоноӣ мекунам ва аз Ту эҳсони бузургтарро мехоҳам. Албатта, Ту тавоноӣ ва ман нотавон ва Ту медонӣ ва ман намедонам ва Ту ба яқин, донандаи ғайбҳо ҳастӣ.

Худоё! Агар медонӣ, ки ин кор (ва кори иродакарда – ҳоҷаташро ном барад) барои ман дар дину дунё ва саранҷоми корам хайру нек аст, пас қудрати анҷоми онро бароям фароҳам овар ва онро бароям осон бигардон, сипас дар он кор бароям баракат бидеҳ ва агар медонӣ, ки ин кор барои ман дар дину дунё ва саранҷоми корам бад ва ногувор аст, пас он корро аз ман ва маро аз он бозгардон ва хайру некиро бароям дар ҳар куҷо ва ба ҳар сурате ки бошад, фароҳам овар!. Он гоҳ маро аз дастёбӣ ба он амр орому хушнуд бигардон!»[1][2][3][4][5][6].

Баъд аз он болои рахти хоби покизае рӯ ба қибла бихобад ва вақте аз хоб бархост, ҳар чизе, ки дар дилаш мушаххас гардад ва қалбаш ба он бештар моил ва кушода бошад (кардан ё накардан), анҷом додани ҳамон беҳтар аст.

Агар дар навбати аввал дилаш ба чизе гувоҳӣ надод, бори дуюм, сеюм ва то ҳафт навбат ин корро такрор намояд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Саҳеҳи Бухорӣ, 1162, 6382, 7390
  2. Сунани Абӯдовуд, 1538
  3. Сунани Абӯдовуд, 1538
  4. Сунани Тирмизӣ, 480
  5. Сунани Насоӣ, 3253
  6. Сунани Ибни Моҷа, 1383

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе — 2017