Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Истиғнои Кашмирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Истиғнои Кашмирӣ

Мирзоабдуррасул Истиғнои Кашмирӣ (форсӣ: ميرزا عبدالرسول استغنا کشمیری‎; 1613, Кашмир — 1671, Деҳлӣ) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Истиғнои Кашмирӣ тақрибан 40 соли умри худро дар зодгоҳаш ба қаноату дарвешӣ гузаронд. Баъдан барои касби маош ба хидматгузории Шоҳшуҷоъ (фарзанди севвуми Шоҳҷаҳон) даромада, мавриди таваҷҷуҳи ӯ қарор гирифт. Соли 1656 (пас аз даргузашти Шоҳҷаҳон) Шоҳшуҷоъ дар Бангола эъломи истиқлол кард ва бо номи худ танга сикка зада, хутба хонд ва Истиғнои Кашмирӣ доруғаи тӯпхона шуд. Пас аз шикасти Шоҳшуҷоъ ва кушта шудани ӯ аз дасти лашкариёни Аврангзеб (1658), Истиғнои Кашмирӣ ба Авадҳ рафта, муддате дар хидмати бархе амирони он ҷо монд ва сипас ба василаи онҳо ба дарбори Аврангзеб пайваст. Дар дарбори Аврангзеб ба мансаби бахшигарии шоҳзода Муҳаммадакбар — фарзанди Аврангзеб ноил шуд ва саранҷом дар Деҳлӣ даргузашт. Аз ӯ девоне боқӣ мондааст. Ашъораш дар тазкираҳо сабт аст. Аз ҷумла, дар тазкираи «Ништари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ шоири хушхаёл ёд шудааст.

Намунае аз шеъри Истиғнои Кашмирӣ:

Гаҳе кокул, гаҳе хат, гоҳ зулфи ёр мебандад,
Хаёлам маънии печидаро бисёр мебандад.