Исъёни Муқаннаъ
Исёни Муқаннаъ - (776-780/783) - Ҳошим ибни Ҳаким — Муқаннаъ дар деҳаи Козаи наздикии ш. Марв зиндагӣ мекард. Номи аслии ӯ Ҳошим ибни Ҳаким ва Муқаннаъ бошад, лақаби ўст. Худи калимаи "Муқаннаъ" арабӣ буда, маъниаш "чодарпўш" ва ё "ниқобдор" аст. Ин лақаб ба иллати он, ки Муқаннаъ ҳама вақт ба рӯяш чодари сабз пӯшида мегашт, ба ӯ дода шудааст. Исёни Муқаннаъро таърихнависон бештар "шӯриши сафедҷомагон" мегӯянд. Ӯ дар лашкари Абумуслим мансаби сарҳангро, иҷро мекард.
Ибтидо[вироиш | вироиши манбаъ]
Муқаннаъ дар солҳои 50-уми асри VIII ба тарғиботи ақидаҳои маздакиён дар хусуси баробарии иҷтимоӣ ва ҳаёти озодонаи шаҳрвандон шурӯъ карда, одамонро ба муборизаи фаъол зидди ҳокимияти истилогарони араб даъват намуд. Барои чунин ташвиқот дар солҳои 60-уми асри VIII ҳукуматдорони Хилофати Араб ӯро дар Бағдод зиндони карданд. Баъди чанд соли ба ҳабс афтидан Муқаннаъ аз зиндон гурехта, ба Марв омад ва ба муборизаи ҷиддӣ шурӯъ кард. Вай соли 766 ба ноҳияҳои гуногуни Мовароуннаҳр барои ба исён бархезондани мардум пайравони худро фиристод. Тарафдорони Муқаннаъ ба водии Қашқадарё, махсусан ба Кешу Нахшаб ва атрофи Бухоро ҷамъ омаданд. Маркази тарғиботии онҳо деҳаи Субҳ дар Кеш буд. Ин исён дар қисматҳои марказии Мовароуннаҳр, махсусан дар Суғд, водии Чоч ва Илок пайравони зиёде пайдо карда, ба табақаҳои гуногуни ҷомеа таъсир мерасонад. Мақсади исёнгарон озод кардани Ватан, яъне Мовароуннаҳру Хуросон аз зулму истибдоди истилогарони араб ва ташкил кардани давлати мустақил буд.
Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]
Соли 775 пайравони Муқаннаъ дар деҳаи Нумиҷкати Бухоро ҷой гирифта, шаб ба масҷид даромада, муаззин ва понздаҳ нафари дигарро кушта, мулки феодалон ва рўҳониёнро мусодира карданд, Ситоди исёнгарон деҳаи Наршахи наздикии Бухоро буд. Дар ин марҳила ба исён туркон низ ҳамроҳ шуданд. Соли 776 дар назди деҳаи Наршах байни қувваи ҳарбии арабҳо ва пайравони Муқаннаъ муҳорибаи хунине ба миён омад, ки дар он исёнгарон шикаст хўрда, ҳафтсад нафар аз пайравони Муқаннаъ сари худро дар роњи талаби озодӣ қурбон карданд. Вале ин ғалабаи арабҳо вазъияти харбию сиёсиро тағйир дода натавонист. Арабҳо исёни сафедҷомагонро дар Наршах суст карда, барои мубориза бурдан бо пайравони онҳо ба Самарқанду Кеш қувваи ҳарбӣ сафарбар карданд. Халифаи араб ал-Маҳдӣ (775-785) Саид-ал-Ҳарроширо амири Хуросон таъйин карда, тамоми қувваи ҳарбии арабҳоро барои пахш кардани исёни сафедҷомагон ва асир гирифтани Муқаннаъ сафарбар кард. Сафедҷомагон дар якҷоягӣ бо туркон дар Самарқанд ба муқобили арабҳо ду сол ҷангиданд ва азбаски қувваҳои ҷанги нобаробар буд, пайравони Муқаннаъ шикаст хўрда, Самарқандро ба арабҳо таслим карданд. Пас аз ин нерўи љангии арабҳо бо сарварии Саид ал-Ҳаррошӣ барои саркўб кардани сафедҷомагон ба водии Қашқадарё, ҳуҷум карданд. Дар марҳилаи охирини задухўрдҳо дар водии Кеш пайравони Муқаннаъ дар кӯҳҳо ва гирду атрофи қалъаи Сиём муттаҳид шуда, ба муқобили арабҳо ҷангиданд.
Поёни исён[вироиш | вироиши манбаъ]
Марҳилаи нави бархӯрдҳоро дар Кеш амири нави Хуросон Мусайяб ибни Зуҳар (780-783) сарварӣ кард. Пайравони Муқаннаъ аз ҷониби арабҳо ба муҳосира гирифта мешаванд. Баъди муҳосираи дарозмуддат ва ҷангҳои тӯлонӣ арабҳо, ки қувваи бениҳоят зиёд доштанд, қалъаи дастнорас, яъне қароргоҳи Муқаннаъро ишғол намуда, исёнро шикаст медиҳанд. Бародари Муқаннаъ Қабзам бо се ҳазор нафар, фармондеҳи мудофеони қалъаи Сиём Сармоҳа бо се ҳазору сесад нафар исёнгарон ба сарлашкари араб Саид ал-Ҳаррошӣ таслим мешавад, вале Муқаннаъ ба душман зинда таслим шудан нахоста, худро ба оташи танӯри фурӯзон партофта, ба ҳалокат мерасад. Ҳамин тавр ин шӯриш соли 783 пахш карда мешавад, вале пайравони Муқаннаъ то муддатҳои тӯлонӣ зингдагӣ мекарданд ва номи пешвои худро низ зинда нигоҳ медоштанд.
Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]
- Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ. — Душанбе, 2011, — с. 88—90.
Пайвандҳои беруна[вироиш | вироиши манбаъ]
- Хилофати Аббосиён(тоҷ.). tarikh.narod.ru. 2019-0б-14 санҷида шуд.
- Садриддин Айни Восстание Муканны Исторический очерк(рус.). netnado.ru. 2019-0б-14 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 апрели 2015.