Итоат
Итоат (ар. اطاعة — фармонбарӣ, фармонбурдорӣ, тобеъ шудан) — навъи хосси тобеъшавии огоҳона, ихтиёрӣ ё ноогоҳона ва маҷбурӣ ба дастурҳои мустақим ё иродаи дигарон; сифат ва хӯи шахс, ки дар фармонбариву пайравӣ аз муқаррарот, дастурҳо ва дасткашӣ аз муқовимат ва мубориза зоҳир мегардад. И. метавонад уҳдадории вобаста ба расмиёт (мас., И.-и кӯдакон аз волидон, И.-и шаҳрвандон аз давлат, И.-и корманд аз роҳбар ва ғ.), инчунин ихтиёрӣ (мас., ҳангоми гаравидан ба мазҳаб ё дин, И. аз дастурот ва гуфтаҳои роҳнамо ва ғ.) бошад. Дар равоншиносии шахс ва равонковӣ (психоанализ) И. ҳамчун амали таслим шудан ба иродаи дигарон тафсир мешавад. Таҳлилгарон рафтори итоаткоронаро бо мафҳумҳои бефаъолиятӣ, беғайратӣ ва мазохизм нисбат медиҳанд. И.-и бечунучаро омодагӣ барои иҷрои мустақим аз ҳамаи дастурҳоро, бидуни истисно, дар назар дорад. И. дар баъзе таълимоти ахлоқӣ, динӣ, афкори сиёсӣ ва низоми ҳарбӣ фазилат, аммо дар ҷомеаҳои демократӣ, ки бар фардгароӣ (индивидуализм) асос ёфтаанд, аз назари ахлоқӣ золимона, зарарнок ва ҳатто хатарнок арзёбӣ мегардад. М. Вебер И.- ро фармонбарии тобеин аз ҳокимияти қонунӣ медонад. Равоншинос С. Милгрем дар «Итоат ба ҳокимият» (1974) нишон додааст, ки одамон дар ҷомеаҳои муосири сармоядорӣ, махсусан дар ИМА, Олмон, Австрия ва ғ. бештар ба меъёрҳои ахлоқӣ итоаткоранд. Маҳз, ин итоаткории онҳо боис гардид, ки фашизми ҳитлерӣ зуҳур ёбад. Дар адёни мухталиф И. ва фармонбардорӣ ба маънои пайравӣ аз дастурҳои худовандӣ аст. Намоди И. аз фармонҳои эзадӣ ва сухани худовандӣ дар дини маздопарастӣ Суруш (дар Авесто дар шакли Сраоша «Sraosha» ба маънои шунидан, шунавоӣ ва фармонбардорӣ) аст. И. ҷузъи таркибии уҳдадорӣ, масъулият ва паймони роҳибони масеҳист. Дар ислом И. ба Худо амал ба аҳкоме аст, ки дар Қуръон ё суннати паёмбар омадааст. Баъзе муҳаққиқон И.-ро бо мафҳуми «субординатсия» (зердастӣ, вобастагӣ) ҳаммаъно медонанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Итоат // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — С. 676. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.