Иттифоқи 17 октябр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иттифоқи 17 октябр
русӣ: Союз 17 октября
Пешво: Александр Гучков[d]
Санаи асосгузорӣ: 1905
Санаи парокандашавӣ: 1917
Қароргоҳ:
Маром: подшоҳии машрута ва liberal conservatism[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иттифоқи 17 октябрОктябристҳо») — ҳизби зиддиинқилобии помешикони калон ва бур­жуазияи тиҷоратию саноатӣ дар Русия, қаноти рости либерализми Русия. Ҳизби Октябристҳо баъди нашри Манифест 17 октябри 1905 (номаш аз ҳамин ҷост), аввалҳои ноябри 1905 аввал дар Маскав, баъд дар Петер­бург ба вуҷуд омада, манфиати бур­жуазияи калон ва помешиконро ҳимоя мекард.

Муқаррароти асосии Манифести 17 октябри соли 1905[вироиш | вироиши манбаъ]

Иля Репин. 17 Октябри 1905

Октябристҳо тарафдори «ҳокимияти мутлақи тавоно» буда, тамоми амалиёти мутлақиятро, ки ба пахш кардани инқилоб нигаронида шуда буд, қонунӣ меҳисобиданд. Октябристҳо дар барномаи худ (феврали 1906) ба тарафдорни ягонагӣ ва тақсимнопазирии Империяи Русия баромада, бо ҳамин сиёсати бузургдавлатию шовинистии ҳукумати подшоҳӣ, мутлақияти конститутсионӣ (бо намояндагии дупалатагӣ) ва озодиҳои сиёсиро (дар доираи Манифести 17 ок­тябр) дастгирӣ мекарданд.

Октябристҳо таклиф мекарданд, ки масъалаи аграрӣ асосан бо роҳи баробар кардани ҳуқуқҳои гражданиву моликиятдории деҳқонон ва табақаҳои дигари ҷамъиятӣ, «батартибории» иҷораи замин, муҳодиркунии деҳқонон, аз ҳисоби за­минҳои давлатӣ ва қитъавӣ таъмин намудани деҳқонон ва ғайра ҳал карда шавад. Фраксияи Октябристҳо дар Думаи 1- уми давлатӣ 16 депутат, Думаи 2- юм 54 депутат, Думаи 3-юм 154 де­путат доштанд.

Октябристҳо дар фаъолияти думагии худ бо сиёҳгурӯҳчиён ва кадетҳо иттифоқ баста, дар гузаронидани сиёсати реаксионӣ ба хукумат ёрӣ расониданд. Баъди оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—48) Октябристҳо ба тарафдории ҳукумати подшоҳӣ баромада, пас аз Инқилоби феврали 1917 ба хайати Ҳукумати муваққатии буржуазӣ дохил гардиданд. Баъди ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр Октябристҳо дар ташкилоту ҳукуматҳои гвардиячинии сафед мансабҳои намоёнро ишғол карда, бар зидди Ҷумҳурии Шӯравӣ мубориза бурданд.

Рӯзномаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]