Иттиҳоди Шӯравӣ
| Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ | |||||||||
| Союз Советских Социалистических Республик | |||||||||
| |||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||||
| Гимн[d] ва Гимн | |||||||||
| Пойтахт | Маскав | ||||||||
| Забон(ҳо) | русӣ | ||||||||
| Воҳиди пул | Soviet ruble[d] | ||||||||
| Майдон |
| ||||||||
| Аҳолӣ |
| ||||||||
| Шакли ҳукмронӣ | ҷумҳурии шӯравӣ[d], parliamentary republic ва single-party state[d] | ||||||||
Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ (Иттиҳоди Шӯравӣ, ИҶШС; русӣ: Союз Советских Социалистических Республик, СССР) — кишваре буд, ки дар солҳои 1922 — 1991 дар бахши бузурге аз шарқи Аврупо ва шимоли Осиё вуҷуд дошт.
Таърих[вироиш]
Давлати Шуравӣ: Инқилоби солҳои 1905 – 1917, ҷанги шахрвандӣ, ташкилёбии давлати Шуравӣ, ки аз октябри соли 1917 то охири 1991-ум сол вуҷуд дошт. Бӯҳрони ҷамъиятие, ки дар Русия сар зада буд ба ҷудошавии ҳукумату ҷомеа ва баъдтар ба шӯришҳои солҳои 1902 - 1905 оварда расонд. Гарчанде, ки ин шӯришҳо бебарор буду ба ивази ҳукуматдорон оварда нарасонд, лекин ин шӯришҳо инқилоби ба соли 1917 рух дода шуда асос гузошт.
Иштироки Русия дар Ҷанги якуми Ҷаҳон (1914 – 1918), ба болоравии нархҳо дар бозор, камшавии молу маҳсулот ва инчунин ба гуруснагии аҳолӣ оварда расонд, дар натиҷа зимистони соли 1917 бӯҳрони сиёсӣ боз ҳам тезу тунд гашт. Феврали соли 1917, шӯриши яроқноке ки дар Санкт – Петербург шуда буд, ба дасткашии Николайи II аз тахт оварда расонд, ки ба ҷои ӯ акнун мамлакатро Ҳукумати муваққатӣ идора мекард. Аммо дар натиҷаи шӯриши моҳи октябри соли 1917 ба сари ҳукумати Русия болшевикон (РСДРП(б) омаданд (Минбаъд РКП(б), ВКП(б), КПСС - Партияи Коммунистии Русия (Партияи Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ) бо сардории В. И. Ленин). Баъд аз 3 соли ҷанг бо душманони дохиливу хориҷӣ болшевикон тавонистанд ҳакимятро дар собиқ Империяи Русия ба даст оранд.
Дар натиҷаи Инқилоби Октябрии соли 1917 дар мамлакат ҷанги Шаҳрвандӣ (солҳои 1917 – 1923) ба амал омад, ки мубориза баҳри ҳукмронии давлат байни болшевикҳо (артиши “сурхҳо”) ва душманони онҳо (артиши “сафедҳо”) мерафт. Барои ба мақсади худ расидан ҳам “сурхҳо” ва ҳам “сафедҳо” террорро истифода бурданд, ки дар натиҷа бештар аҳолии бегуноҳ ранҷ кашиданд. Ғайр аз ин давлатҳои хориҷӣ низ дар ин ҷанг иштирок карданд, онҳо мехостанд, ки давлати Русро суст кунанд ва онро ба қисмҳо ҷудо кунанд. Лекин болшевикон тавонистанд, ки ғалаба кунанд ва сиёсати ягонаро дар Русия ҷорӣ кунанд. Давлати наве, ки ба он масоҳати бештари империяи пештараи Русия дохил мешуд номи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сосиалистӣ (ИҶШС) гирифт. Умуман дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва инқилоб дар Русия: 25 млн аҳолӣ ба ҳалокат расид, истеҳсоли саноат 5 маротиба ва маҳсулоти кишоварзӣ низ 40% кам шуд.
Дар ин ҳолатҳои ногувор аз нав барқароркунии иқтисодиёти Русия оғоз гардид. Дар ин вақт бештар ба саноаткунонии мамлакат: саноати мошинасозӣ, металургӣ, ҳарбӣ, коркарди конҳо ва сохтмони стансияҳои электрикӣ маблағгузории Ҳукумати шӯравӣ сарф карда мешуд. Тараққиёти саноати вазнин зарари худро бештар ба саноати сабуку кишоварзӣ расонид. Ҳаёти одамони оддӣ дар ин давра хело ҳам бад буд, сатҳи зиндагии аҳолии шӯравӣ паст буд нисбат ба дигар давлатҳо, маҳсулотҳои оддӣ намерасиданд, мушкилоти ҷиддӣ, ки ин таъмини аҳолӣ бо маскан буд боқӣ монд.
Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии ИҶШС[вироиш]
Ин мақола ё фасл тарҷумаи нопурра аз забони хориҷаро дорад. Шумо метавонед бо пурракардани тарҷума ба лоиҳа кӯмак кунед. Агар Шумо донед, ки дар кадом забон навишта шудааст дар шаблон ишора кунед. |
Масоҳати умумии ИҶШС августи соли 1991 22,4 млн км² ташкил мекард.
Сараввал, согласно Договору об образовании СССР (30 декабря 1922), в состав СССР вошли:
- Российская Социалистическая Федеративная Советская Республика
- Украинская Социалистическая Советская Республика
- Белорусская Социалистическая Советская Республика (до 1922 года — Социалистическая Советская Республика Белоруссия, ССРБ)
- Закавказская Социалистическая Федеративная Советская Республика
27 октябряи соли 1924 ба ҳайати ИҶШС ҶШС Туркманистон ворид шуд, выделенная из РСФСР и Бухарской ССР.
13 майи соли 1925 ба ҳайати ИҶШС ҶШС Ӯзбекистон ворид шуд, выделенная 27 октября 1924 из РСФСР, Бухарской ССР и Хорезмской НСР.
5 декабряи соли 1929 ба ҳайати ИҶШС ҶШС Тоҷикистон ворид шуд, выделенная 16 октября 1929 из Узбекской ССР.
5 декабри соли 1936 ба ҳайати ИҶШС ҶШС Озарбойҷон ворид шуд, [Армянская ССР|Армянская]] и Грузинская ССР, вышедшие из состава Закавказской СФСР. Одновременно в состав СССР вошли Казахская и Киргизская ССР, вышедшие из состава РСФСР.
В 1940 году в СССР были включены Карело-Финская, Молдавская, Литовская, Латвийская и Эстонская ССР.
Дар соли 1956 ҶАШС Карело-Финская табдил дода шуда буд ба ҶАШС Кареля дар ҳайати РСФСР.
6 сентябряи соли 1991 Шӯрои давлатии ИҶШС Литва, Латвия ва Эстонияро аз ҳайати ИҶШС берун баромадани ин давлатҳоро фаҳмид.
25 декабри соли 1991 Президенти ИҶШС М. С. Горбачёв ба истеъфо баромад. Сохторҳои давлатии ИҶШС барҳам хурданд.