Ифодаи хабар бо сифати феълӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Сифати феълӣ ҳамчун хабар аломати бардавоми мубтадоро нишон медиҳад. Вай дар ин вазифа дар шакли холис, инчунин бо бандаки хабарӣ ва феълҳои ёридиҳанда (бештар феъли ёридиҳандаи будан) истифода мешавад. Сифатҳои феълии замони гузошта ва оянда дар вазифаи хабар бештар дучор мешаванд.

Мисолҳо[вироиш]

  • Тиреза кушодагиву дари хона маҳкам ("Садои Шарқ").
  • Гарданаш дар миёни ду китфаш ғӯтидагӣ буд (Ҳаким Карим).
  • Пойи чапаш бо латтаи кабуд печондагӣ (Ҷалол Икромӣ).

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1986.-с.240