Ифодаи хабар бо шумора
Jump to navigation
Jump to search
Шумора дар вазифаи ҷузъи номии хабар кам истифода мешавад.Шумораҳои аслии миқдорӣ ва шумораи тартибӣ ба вазифаи хабар омада, миқдор ё тартиби ҷойи ишғолкардаи мубтадоро муайян менамоянд. Шумораҳои миқдорӣ дар ин вазифа бештар нумератив мегиранд, баъзан бе нумератив низ меоянд. Дар шакли холис ба вазифаи хабар омадани шумора бисёр кам воқеъ шуда, бештар дар зарбулмасал ва дар нутқи диалогӣ дучор мегардад.
Мисолҳо[вироиш]
- Аз ин сар то он сари долон-саду бист метр. Ду карат саду бист-дусаду чил метр (Фазлиддин Муҳаммадиев).
- Ду понздаҳ-як сӣ (Зарбулмасал).
- Ҳарорати оби Гармчашма дар ҳолати табиӣ панҷоҳу нӯҳ дараҷа аст (Абдусалом Деҳотӣ).
Нигаред[вироиш]
Манбаъ[вироиш]
- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1986.-с.239