Иффатии Хуросонӣ
Намуди зоҳирӣ
Иффатии Хуросонӣ |
|---|
Иффатӣ (форсӣ: عفتی; қарни XVII) — шоираи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш Хуросон. Дар сарчашмаҳои илмию адабӣ шоираи хуштабъ, бадеҳагӯй ва соҳиби шеърҳои дилнишин ёд шудааст. Дар эҷодиёти Иффатӣ васфи ишқ, тавсифи табиат, эътироз аз носозгориҳои замон, тасвири ҳоли забуни занон, талоши онҳо баҳри рӯзгори осоишта, пандҳои судманд ва ғайра мақоми хос дорад. Ашъораш содаву равон аст.
Абёти зер аз ӯст:
Эй боғи лолазор, гулистони кистӣ?
Бо ёди рӯю зулфи парешони кистӣ?
З-ин гуна сабзу сурх, ки пӯшидаӣ қабо,
Ҷон дар ҳавои сабзаву райҳони кистӣ?
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иффатӣ / У. Назиров // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.
- Тоҷӣ Усмон. Бисту се адиба. Сталинобод, 1957; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988.