Ишқи афлотунӣ
Ишқи афлотунӣ (англ. Platonic love) — истилоҳест барои гунае аз ишқ, ё равобити наздике, ки бидуни робитаи ҷинсӣ аст. Намоди ин ишқ гули садбарги сафед аст. Ин ном пас аз Афлотун гузошта шуд, ҳарчанд ин файласуф ҳаргиз худ аз ин истилоҳ истифода накард. Ин истилоҳ ба таърифи Афлотун аз ишқ дар китоби «Зиёфат» ишора дорад. Ин истилоҳ (Amer Platonicus дар забони лотин) нахустин бор тавассути Марсилио Фичино дар садаи XV барои тавсифи эҳсосот ва авотифи миёни Суқрот ва шогирдонаш ба кор рафт.[1] Ишқи афлотунӣ ағлаб дар муқобили ишқи романтикӣ аст.
Тафсири фалсафии классик
[вироиш | вироиши манбаъ]Ишқи афлотунӣ дар гуфтугӯи Афлотун, яъне «Зиёфат», баррасӣ шудааст, ки мавзӯи он ишқ, ё ба таври куллитар, мавзӯи эрос аст. Ин гуфтугӯ ба баррасии чигунагии оғози эҳсоси ишқ ва таҳаввули он, чӣ ба сурати ҷинсӣ ва чӣ ғайриҷинсӣ, мепардозад ва ишқи афлотунии воқеиро ба унвони нерӯи илҳомбахш барои зеҳн ва рӯҳи инсон таъриф мекунад, ки таваҷҷуҳи ӯро ба умури маънавӣ маътуф месозад. Яке аз бахшҳои муҳимми ин гуфтугӯ суханронии Суқрот аст, ки дар он ӯ идеяи ишқи афлотуниро ба пайғамбар Диотима нисбат медиҳад ва онро василае барои сууд ба таъаммул дар амри илоҳӣ муаррифӣ мекунад; сууде, ки ба «нарвони ишқ» маъруф аст. Барои Диотима ва ба таври куллӣ барои Афлотун, саҳеҳтарин истифода аз ишқи инсонӣ ин аст, ки зеҳни фардро ба сӯи ишқ ба улуҳият ҳидоят кунад. Суқрот ишқро бар асоси дастабандиҳои мухталифе аз ҳомилагӣ (барои тавлиди насл) таъриф мекунад; шомили ҳомилагии ҷисм, ҳомилагии рӯҳ ва иртиботи мустақим бо ҳастӣ. Ҳомилагии ҷисм мунҷар ба тавлиди фарзандони инсонӣ мешавад. Ҳомилагии рӯҳ, ки марҳалаи баъдӣ дар ин раванд аст, ба тавлиди «фазилат» меанҷомад — ки таҷаллӣ рӯҳ (ҳақиқат) дар қолаби моддӣ аст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Platonic love(англ.). www.britannica.com. Britannica (11 July 2025). 22 июли 2025 санҷида шуд.
- ↑ Rojcewicz, R. (1997). Platonic love: dasein’s urge toward being. Research in Phenomenology, 27(1), 103.