Иғмо
Кома | |
|---|---|
| МКБ-10 | R40.2 |
| МКБ-9 | 780.01 |
| DiseasesDB | 16940 |
| eMedicine | / |
| MeSH | D003128 |
Иғмо (ар. اغما ‒ беҳушӣ, беҳуш шудан ё беҳуш кардан), ко́ма (аз юн.-қад. κῶμα]] «хоби амиқ») — ҳолати байни ҳаёт ва марг. Иғмо бо хароб шудани фаъолияти силсилаи марказии асаб, беҳушӣ, беҳиссӣ ва ихтилоли фаъолияти ҳаётии андомгон падид меояд.
Иғмо оризаи бемориҳои гуногун мебошад. Иғморо вобаста ба пайдоиш ба 5 гуна тақсим мекунанд: иғмои аввалияи мағзӣ (иғмоҳои сактавӣ, саръӣ, осебзод, энсефалитӣ, сарсомӣ, омосии мағзи сар ва пардаҳои он); иғмои марбут ба бемории ғадудҳои дарунрез (эндокринӣ) бинобар каму зиёд ҳосил шудани ҳормонҳо (иғмоҳои диабетӣ, ҳипокортикоидӣ, ҳипотиреоидӣ ва ғ.) ё истифодаи барзиёди доруҳои ҳормонӣ (доруҳои тиреотоксинӣ, ҳипогликимиявӣ ва ғ.); иғмои заҳрзод бинобар заҳролудшавии беруниву дарунӣ (бино бар заъфи ҷигар, уремия), заҳрсироятҳо ва бемориҳои сироятӣ, панкреатит; иғмои марбут ба ихтилоли мубодилаи газҳо (нафастангӣ, камхунӣ, ихтилоли вазнини гардиши хун) ва респираторӣ-асидозӣ (мас., тангии нафас); иғмои вобаста ба талафи электролитҳо, об ва моддаҳои нерубахш (хлорҳидропенӣ, тағзиявӣ-дистрофӣ ва ғ.). Иғмо баъзан бар асари чанд васила (мас., иғмои электролитӣ ҳангоми нақси ҷигар) зуҳур мекунад. Бо вуҷуди ин дар бисёр мавридҳо сабабҳои падид омадани иғморо муайян кардан мумкин аст (баҳри ёрии таъҷилӣ ба бемор ниҳоят муҳим мебошад).
Пайдоиши иғмо ба тағйироти сохториву мубодилавӣ дар силсилаи марказии асаб вобастагӣ дорад. Сабаби тағйироти сохторӣ (варам кардани мағзи сар, омоси мағзпарда, хуншорӣ, қитъаҳои равшани қишри мағзи сар ва ғ.) иллатҳои василавии мағзи сар, ихтилоли гардиши хун дар майна, омоси ҷумҷума, илтиҳоби мағз ва мағзпарда мебошанд. Тағйироти мубодилавӣ бинобар коҳиши глюкоза, ихтилоли нафасгирии ҳуҷайра, халали бозисти обу электролитии нейронҳо (бо табоҳии фаъолияти мембранаҳо ва маҳви нейронҳо меанҷомад) рух менамоянд. Иғмо ногаҳон (аз чанд дақ. то 1-3 соат) ё тадриҷан (дар муддати чанд рӯз) ба вуқӯъ мепайвандад. Рушди ногаҳонии иғмо, маъмулан, хосси иғмои аввалияи майна аст. Дар мавриди он бемор аз ҳуш рафта, аз лаҳзаҳои аввал аломатҳои иғмои амиқ куллан зоҳир мегарданд. Рушди тадриҷии иғмо аз чанд давра (ё марҳила) — аз пешиғмо то иғмои дараҷаи IV иборат аст.
Парешонӣ, гарангӣ, карахтӣ, хоболудӣ ё ҳаяҷони равонӣ, берабтии ҳаракатҳои мақсаднок ва ғ. аломатҳои пешиғмо мебошанд. Иғмои дараҷаи I бо карахтиву гарангии возеҳ, заифии аксуламалҳо нисбат ба ангезаҳои пурқувват, аз ҷумла дард, зоҳир мешавад. Бемор аз уҳдаи ҳаракатҳои одӣ ва нӯшидани обу ғизоҳои рақиқ баромада, мустақил паҳлу гардад ҳам, тамос бо ӯ душвор аст; таваттур (тонус)-и мушакҳо баланд, таассури гавҳараки чашм ба рӯшноӣ маҳфуз ва рефлекси пӯст заиф мебошанд. Иғмои дараҷаи II бо хоби амиқ, беҳушуёдӣ, коҳиши ногаҳонии аксуламал ба дард, ҳаракатҳои ноҷӯри беихтиёр, ихтилоли нафаскашӣ, рафтани дарун ва пешоб, сустии вокуниши гавҳараки чашм ба рӯшноӣ, вуҷуд надоштани рефлексҳои пӯст, ихтилоҷи мушакҳо ва мушакпаррӣ зоҳир мегардад. Ҳангоми иғмои дараҷаи III дар баробари беҳушӣ аксуламал ба дард ва рефлексҳои шохпардаи чашму ҳалқум нест, мардумакҳо танг мешаванд, гавҳарак ба рӯшноӣ вокуниш надорад, тонуси мушакҳо заиф буда, пешобу пасафканд ғайриихтиёр хориҷ мешавад, фишори хун паст, нафаскашӣ номуътадил, ҳарорати бадан паст аст. Аломатҳои иғмои дараҷаи IV аз набудани рефлекс, заъфи мушакҳо, калон шудани гавҳараки чашм, ҳипотермия, ихтилоли фаъолияти мағзи дарозрӯя бо қатъи нафасгирӣ, якбора паст шудани фишори шараён иборат мебошанд.
Иғмо дар беморхона муолиҷа карда мешавад. То бистарӣ кунонидани бемор ба фурӯ рафтани забон ва буғӣ шудани ҷабрдида роҳ додан лозим нест. Иғмое, ки бо аломатҳои возеҳи осеби силсилаи марказии асаб падид омадааст, маъмулан, бо марг меанҷомад. Ҳангоми иғмои дараҷаҳои IV ва III низ бисёр беморон мефавтанд. Дар мавридҳои дигари иғмо ҳаёти бемор ба натиҷаи муолиҷа вобаста аст. Иғмо гоҳо бо мавти мағзи сар анҷом мепазирад (яъне талафи бебозгашти фаъолияти мағзи сар бо маҳфуз мондани гардиши хуну нафаскашӣ, ки ба таври сунъӣ муддати дароз нигоҳ доштан мумкин аст).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иғмо // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.