Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иқлими ҳумидӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иқлими континенталӣ намнок

Иқлими ҳумидӣ ́́(лот. humidus – рутубатнок) — иқлими рутубатнок, иқлими минтақаҳое, ки рутубатнокиашон аз меъёр баланд аст.

Дар иқлими ҳумидӣ миқдори гармии Офтоб барои бухор кардани намнокӣ (рутубат)-е, ки дар шакли бориш ворид мешавад, нокифоя мебошад. Оби барзиёд аз сатҳи замин ҷорӣ шуда, баъзан боиси эрозияи шакли релеф мегардад. Ду намуди иқлими ҳумидиро фарқ мекунанд: намуди қутбии иқлими ҳумидӣ дар минтақаҳои паҳншавии ҷинсҳои яхбастаи биёрсола дар ҳолати мавҷуд набудани ғизогирии обҳои рӯизаминӣ аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ ва намуди фреатӣ, ки дар он обҳои рӯизаминӣ аз ҳисоби қисман ҷаббида шудани боришоти атмосферӣ ба хок аз обҳои зеризаминӣ ғизо мегиранд. Истилоҳи иқлими ҳумидиро бори аввал ҷуғрофиёдони олмонӣ Албрехт Пенк (1858–1945) ҳангоми таҳияи таснифоти геоморфологии иқлим пешниҳод кардааст.