Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иқоъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иқоъ (форсӣ: ایقاع‎ – ҳамоҳангӣ) — илмест дар назарияи мусиқии Шарқ, ки аз қонунҳои вазни зарб ва усулҳои он баҳс мекунад. Иқоъ маҷмӯи нақраҳо (зарбҳо)-ест, ки дар як фосилаи муайяни вақт садо медиҳанд ва овози кӯтоҳтарини ин нақраҳо аз ҷиҳати навишту талаффуз ба ҳарфҳои ҳамсадои «Т» ва «Н» мувофиқат мекунанд. Аз якҷошавии ин ҳарфҳо рукнҳои зерини иқоъ: сабаб (тан, тана), ватад (танан, танна), фосила (тананан, танананан), аз таркиби ин рукнҳо вазни иқоъ пайдо мешавад. Рукнҳои иқоъ бо рукнҳои арӯз айният дошта, дар аксар рисолаҳои мусиқӣ барои хубтар вонамуд кардани зарби оҳанг дар зимни нақраҳо вазну рукнҳои шеърро низ зикр мекарданд. Барои тақвияти ин фикр яке аз усулҳои қадимӣ – «Сақили аввал»-ро мисол меоварем:

Иқоъ: танан-танан-танан-тан-тананан.
Арӯз: мафо-илун-фаилун-муф-таилун.

Дар рисолаҳои мусиқии баъди асри 16 иқоъро ба сифати усули дойра маънидод кардаанд, ки инҳоянд: Ҳазаҷ, Уфар, Дуяк, Туркзарб, Чаҳорзарб ва ғ. Ба маънои умумӣ ва ғайриистилоҳӣ иқоъ – оҳанг, зарб; дар асоси усули дойра ҳосил кардани оҳанг дар сози мусиқист.