Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иқтидори истеҳсолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иқтидори истеҳсолӣ — қобилияти баландтарини истеҳсолии соҳа, корхона, коргоҳ (сех), агрегат, мошинҳо, хатҳои технологӣ дар давраи муайян.

Иқтидори истеҳсолӣ бо нишондиҳандаҳои аслӣ ё шартӣ чен карда мешавад. Масалан, иқтидори истеҳсолии неругоҳҳои барқӣ бо миқдори киловатт, корхонаҳои металлургияи сиёҳ бо ҳаҷми печҳои домнагӣ, саноати бофандагӣ бо шумораи дастгоҳҳо, коргоҳи дӯзандагӣ аз рӯи миқдори либосҳои тайёри ба фурӯш пешниҳодшаванда чен карда мешавад. Ба таркиби иқтидори истеҳсолии корхона бахшҳои истеҳсолот, биноҳову иншоот, таҷҳизоту дастгоҳҳо дохил мешаванд. Иқтидори истеҳсолӣ зери таъсири равнақи илму техника, омӯхтани усулҳои наву камхарҷи истеҳсол ва коркарди маҳсулот, истифодаи техникаву технологияи нав, такмили ихтисоси кормандон ва ғ. вусъат меёбад. Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои муосир нисбат ба солҳои пеш чанд баробар афзудааст, ки ин натиҷаи инқилоби илмӣ-техникӣ мебошад. Ҳоло дар корхонаҳо ба ҷои дастгоҳҳову мошинҳои пешина таҷҳизоти муосири худкор (автоматӣ) ва хатҳои технологии пуриқтидор насб карда шудаанд. Аксари равандҳои технологӣ тавассути компютер анҷом дода мешаванд, ки ин дар навбати худ иқтидори истеҳсолиро афзун мегардонад.