Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иқтидори маҷмӯъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иқтидори маҷмӯъ дар математика — таъмими мафҳуми «адади унсурҳо» ба маҷмӯъҳои дилхоҳ. Иқтидори маҷмӯъи X чунин ишорат мешавад: | X |. Масалан, X = {1,3,6}, | X | = 3.

Иқтидори маҷмӯъ чун умумияти хосси ҳамаи маҷмӯъҳои ба маҷмӯи додашуда эквивалент бо усули абстраксия муайян мешавад. Дар айни замон маҷмӯъҳои эквивалент маҷмӯъҳое мебошанд, ки миёни унсурҳои онҳо инъикоси мутақобилаи якқиматаро муқаррар кардан мумкин аст. Иқтидори маҷмӯъро аксар ададҳои кардиналӣ (яъне миқдорӣ) меноманд. Иқтидори хурдтарини маҷмӯи беинтиҳо иқтидори маҷмӯъи маҷмӯи ададҳои натуралие мебошад, ки бо аломати χ0 ишора карда мешавад. Мафҳуми иқтидори маҷмӯъро асосгузори назарияи маҷмӯъҳо Г. Кантор (1878) ҷорӣ кард. Ӯ муқаррар намуд, ки иқтидори маҷмӯъи ададҳои ҳақиқӣ (с) аз χ0 калон аст ва нишон дод, ки маҷмӯъҳои беинтиҳоро аз рӯи иқтидор ба синфҳои гуногун ҷудо кардан мумкин аст.